Сабқати бонувони футболбоз: кӣ бо кӣ ва кай вориди майдон мешавад?

© Пресс-служба Федерации Футбола Таджикистана Женская футбольная команда Таджикистана
  Женская футбольная команда Таджикистана   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Душанбе мизбони мусобиқаи Қаҳрамонии Осиёи Марказӣ миёни тимҳои мунтахаби бонувони футболбоз мешавад
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои 11-15 март дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA миёни дастаҳои мунтахаби бонувони то 18-сола баргузор мешавад.
Ба иттилои кумита, дар чемпионат мунтахабҳои ҷавонзанони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Таъкид шудааст, ки тими мунтахаби бонувони ҷавони Тоҷикистонро (U-18) дар ин мусобиқа сармураббӣ Изатулло Исҳоқов омода мекунад.
"Ҳамагӣ дар доираи чемпионати CAFA-2022 шаш бозӣ анҷом дода мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат мегиранд", - омадааст дар иттилоия.
Дар даври якум, рӯзи 11 март мусобиқаи Ӯзбекистон - Эрон ва Тоҷикистон - Қирғизистон дар назар аст. Дар даври дуюм, 13 март тимҳои Қирғизистон - Ӯзбекистон ва Эрон - Тоҷикистон вориди майдон мешаванд. Рӯзи 15 март дастаҳои Эрон - Қирғизистон ва Тоҷикистон - Ӯзбекистон сабқат мекунанд.
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
Беҳтарин бозигари тоҷик ба тими фаронсафӣ пайваст
Таъкид шудааст, ки тибқи низомнома, Чемпионати CAFA-2022 миёни бонувони ҷавони то 18-сола дар як давр доир мегардад. Дастае, ки холи бештар ба даст меорад, ғолиб дониста мешавад.
Лентаи хабарҳо
0