Сохтмонҳо набояд бозистанд: Мишустин аз чораҳо барои дастгирии иқтисод гуфт

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр РФ М. Мишустин провел совещание с вице-премьерами РФ
Премьер-министр РФ М. Мишустин провел совещание с вице-премьерами РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Ҳукумати Русия нақша барои ба эътидол овардани вазъи иқтисоди кишварро таҳия кардааст
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Михаил Мишустин, сарвазири Русия мегӯяд, бар иловаи чораҳои қабулшуда тадбирҳои иловагӣ барои ба эътидол овардани вазъи иқтисодии кишвар роҳандозӣ мегарданд.
"Чораҳои дигарро баррасӣ мекунем, ки барои мутобиқсозии иқтисод ба вазъи феълӣ ва дастгирии шаҳрвандони кишвар равона шудаанд", - изҳор дошт сарвазир дар ҷаласаи ҳукумат.
Аз ҷумла ҳукумат пешниҳод дорад, ки суди шаҳрвандон бо ҳисоби бонкии беш аз як миллион рубл аз андоз тайи солҳои 2021 - 2022 озод карда шаванд. Инчунин андоз аз соҳибони худравҳои арзишашон аз 3 то 10 млн. рубл афзоиш дода шавад.
Пачки долларовых купюр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Иқтисоддонҳо аз қурби "одилона"-и доллар дар ҳайрат уфтоданд
Ба иттилои сарвазир, инчунин 25 млрд. рубл барои дастгирии қарзҳои имтиёзноки бахши кишоварзӣ ва 2,5 млрд. рубл барои ҷуброни тавлидгарони нон ҷудо карда мешавад.
"Инчунин муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла нону маҳсулоти нонӣ муҳим мебошад", - илова намуд ӯ.
Мишустин дар шароити феълӣ муҳим хондааст, ки кор дар сохтмонҳо мутаваққиф нашавад.
"Вазифаи асосиямон дар шароити феълӣ ҷилавгирӣ аз бозистодани сохтмонҳо аз фаъолият мебошад. Ин пеш аз ҳама барои миллионҳо шаҳрвандонамон муҳим аст, ки мунтазири хонаҳою дафтарҳои наванд", - таъкид кард вай.
Ба гуфтаи сарвазири Русия, инчунин имтиёзот дар бахши расмиёти гумрукӣ дар назар дошта шуда, чораҳои ҷавобӣ барои васоили нақлиёти кишварҳои ағёр амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла ҳифзи ҳавопаймоҳои хориҷии ширкатҳои ҳавонвардӣ зарур аст, афзуд ӯ.
Ҳамчунин дастгирии ҳукумат ба бахши меҳмонхонадорӣ дар назар буда, сабукиҳои маъмурӣ барои беҳбуди фазои соҳибкорӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молияю бонк ва энержиро шомиланд.
Заместитель руководителя администрации президента РФ - пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Песков гуфт, Русия барои таҳримҳо аз пеш омодагӣ мегирифт
Бонки марказӣ дучори маҳдудиятҳо шуда, бархе аз бонкҳоро аз низоми SWIFT хориҷ карданд. Олмон расмисозии лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ-2"-ро қатъ намуд. ИМА ва кишварҳои Аврупо ҳарими ҳавоияшонро барои Русия бастанд ва даҳҳо ширкатҳои маъруф бозори кишварро тарк намуданд.
Дар пасманзари ин Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро то 20%-и солона боло бурда, Вазорати молия тамоми содиркунандаҳоро муваззаф кард, ки аз 80%-и даромади асъорияшонро аз тиҷорати хориҷӣ ба фурӯш гузоранд, то қурби рублро ба эътидол оранд.
Ҳамчунин чораҳои дигар барои дастгирии иқтисоди Русия пиёда шуда истодаанд. Мақомот мегӯянд, зарфияти устувории иқтисоди кишвар бузург аст ва кобинаи вазирон пешакӣ роҳи ҳалли мушкилоти эҳтимолиро баррасӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0