Таҳдид дар пушти дар. Иёлоти Муттаҳида дар Украина даҳҳо ташхисгоҳҳои биологӣ таъсис дод

© AFP 2022 / Mario TamaБиологически опасное вещество в руках лаборанта
Биологически опасное вещество в руках лаборанта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Фаъолияти ташхисгоҳҳои биологӣ ба таъкиди Вазорати дифоъ, боиси афзоиши беназорати сироятҳои махсусан хатарнок гардид, ки афзоиши он аз соли 2014 ба мушоҳида мерасад.
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik, Елена Попова. Вазорати дифои Русия дар Украина озмоишгоҳҳои биологиеро кашф кардааст, ки барои Амрико кор мекарданд. Ин ниҳод мутмаин аст, ки фаъолияти онҳо барои пешгирӣ аз тасдиқи он ки Киев ва Вашингтон Конвенсияи манъи силоҳҳои биологӣ ва токсиниро вайрон кардаанд, зуд маҳдуд карда шуд.
Маскав ва Пекин борҳо аз амрикоиён даъват карда буданд, ки ба ҳуҷҷати байналхалқӣ оид ба таҳдиди бактериологӣ ҳамроҳ шаванд. Аммо Кохи Сафед розӣ нашуд.

Дар марз

"Дар қаламрави Украина як шабака, аз ҷумла зиёда аз 30 лабораторияи биологӣ ташкил карда шудааст, ки онҳоро метавон ба лабораторияҳои илмӣ ва санитарию эпидемиологӣ тақсим кард", - дар ин бора Игор Кириллов, сардори нерӯҳои радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия дар брифинге гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, ин муассисаҳо, ки дар Лвов, Харков ва Полтава ҷойгиранд, "дар чаҳорчӯби барномаи биологии низомии таҳти раҳбарии ИМА" бо микроорганизмҳои хатарноки сироятӣ кор мекарданд.
Фармоишгар Идораи коҳиши таҳдидҳои дифои ИМА (DTRA) мебошад. Дар лоиҳа ширкати Black and Veatch, ки ба Пентагон алоқаманд аст, ширкат варзиданд.
Кириллов кайд кард, ки дар Лвов онҳо бо ангезандаи касалии вабо, язваи сибирӣ ва брутселёз, дар Харков ва Полтава — дифтерия, салмонеллез ва дизентерия машғул буданд.
Флаг НАТО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Азаров: НАТО ҷанги ҳастаӣ оғоз карданӣ буд, аммо Русия нақшаҳояшро барбод дод
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков низ хабар дода гуфт, ки ҳуҷҷатҳои дахлдор низ дастрас шудаанд.
Ин ниҳод шарҳ дод, ки лабораторияҳо ба шитоб баста шуданд, зеро аз тарси Пентагон, ки "коршиносони рус нақзи Конвенсия дар бораи манъи силоҳи биологӣ ва токсинӣ аз ҷониби Украина ва Иёлоти Муттаҳидаро тасдиқ мекунанд".
Фаъолияти ташхисгоҳҳои биологӣ ба таъкиди вазорати дифоъ, боиси афзоиши беназорати сироятҳои махсусан хатарнок гардид, ки афзоиши он аз соли 2014 ба мушоҳида мерасад.
Шумораи гирифторони дифтерия, сурхча ва сил афзуд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Украинаро ба феҳрасти кишварҳое шомил кардааст, ки хатари хуруҷи фалаҷи атфолро доранд.

Русия ва Чин нигаронанд

Маскав ва Пекин аз фаъолияти ҳарбию биологии ИМА ва иттифоқчиёни он кайҳо ба ташвиш омадаанд. Дар авоили феврал раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо Си Ҷинпин, раҳбари Чин мулоқот кард. Сарони давлатҳо изҳороти муштаракро дар бораи муносибатҳои байналмилалие, ки ба давраи нав ворид мешаванд ва рушди устувори ҷаҳонӣ ба имзо расониданд.
Конашенков: Документы подтверждают скрытую подготовку наступательной операции на Донбассе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Русия нақшаи махфии ҳамлаи Украина ба Донбассро ёфтааст - видео
Онҳо аз ҷумла тасдиқ карданд, ки "Конвенсия дар бораи манъи таҳия, истеҳсол ва захира кардани силоҳҳои бактериологӣ (биологӣ) ва токсинӣ ва нобудсозии онҳо (BTWC) ҳамчун рукни сулҳ ва амнияти байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад".
"Тарафҳо аз Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш даъват мекунанд, ки ошкоро, шаффоф ва масъулиятшиносона амал карда, дар бораи фаъолиятҳои ҳарбии биологии худ, ки дар хориҷа ва дар қаламрави миллии онҳо анҷом дода мешаванд, ба таври дуруст иттилоъ диҳанд",- гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Коршиносон ва сиёсатмадорони чиниву русӣ, аз ҷумла академики Академияи илмҳои Русия, доктори шоистаи Русия Геннадий Онишенко борҳо аз зарурати назорати фаъолияти биологии низомии хориҷии Вашингтон ёдовар шуданд.
"Дар изҳороти ду раҳбар ба таҳдиди ҳастаӣ, кимиёвӣ ва хатари воқеии ҳаёт, ки ба майдон баргаштааст - силоҳҳои беназорати қатли ом - биологӣ тамаркуз шудааст. Русия ва Чин азми худро барои нигоҳ доштани нуфуз ва муассирии Конвенсия таъкид мекунанд", - афзуд ӯ.
Соли 2001 Иёлоти Муттаҳида ба таври якҷониба аз музокирот оид ба таҳияи протоколи иловагӣ ба BTWC даст кашид, ки тибқи он як ниҳоди мустақил, Котиботи техникӣ бояд фаъолияти микробиологии ҳамаи кишварҳоро назорат кунад.
"Ин пас аз он рӯй дод, ки артиши ИМА дар қаламрави худ як формулаи ҷангии биологии штамми сӯхтании Амесро истифода бурд, ки ба ҳама антибиотикҳо тобовар аст ва табобатнашаванда аст. Пас аз он Иёлоти Муттаҳида изҳор дошт, ки гӯё ба онҳо ҳамлаи террористон сурат гирифтаанд ва аз назорати байнулмилалӣ бар пажӯҳишҳои микробиологии онҳо худдорӣ мекунанд",- гуфт академики Академияи илмҳои Русия.
Rusiya Ukrayna bayrağı - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
Сарчашмаҳои муноқишаи Русия ва Украина
Конвенсия дар бораи манъи таҳия, истеҳсол ва захира кардани силоҳҳои биологӣ ва токсинӣ соли 1972 тасдиқ карда шуд. Ин ягона санади байналмилалие мебошад, ки дар ин хусус аст.
"Роҳбарони Русия ва Чин аз Вашингтон даъват мекунанд, ки ба майдони ҳуқуқи байналмилалӣ баргарданд. Амрикоиҳо дар бораи пайдоиши табиӣ ё сунъии коронавирус баҳс мекунанд. Дар соли 2001 онҳо ба қабули механизми қонунии назорат зиддият карданд. Агар механизм қабул мешуд, акнун омада тафтиш мекарданд, комиссия ташкил мекарданд. Аммо ин имконнопазир аст ва ИМА метавонад танҳо даъвоҳои беасос пешниҳод кунад. Имрӯз Иёлоти Муттаҳида қонуншикани асосӣ аст, маҳз амали онҳост, ки ҷаҳонро ба ташвиш овардааст," - итминон дорад Онишенко.

Озмоишгоҳҳои биологии амрико дар мамлакатҳои пасошӯравӣ

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар заминаи пажӯҳишгоҳҳои шӯравӣ дар Гурҷистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон марказҳои таҳқиқотии Амрико кушода шуданд, ки аз солҳои 1950 ба ин сӯ бо бемориҳои сироятӣ ва таҳияи ваксинаҳои зидди вабо ва домана машғул буданд.
Дар шароити мусаллаҳшавии бошитоб ояндаи ҷанги биологӣ ва химиявӣ хеле воқеӣ буд. Овозаҳо паҳн мешуданд, ки гуё муассисаҳои шӯравӣ ба муқобили Ғарб яроқи биологӣ месозанд. Ягон далел набуд.
Барои омухтани касалиҳои хавфнок маблағ ҷудо карда шудааст. Аммо бо шарте ки мутахассисони Амрико ҳам дар озмоишгоҳҳо кор карда тавонанд. Намунаҳои дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҷамъовардашуда ба Ғарб содир карда шуданд. Грантҳо аз буҷети НАТО ва Пентагон ҷудо карда шуданд.
Вашингтон итминон дод, ки пажӯҳиш танҳо бо ҳадафҳои осоишта сурат гирифтааст. Аммо пас аз изҳороти собиқ вазири амнияти давлатии Гурҷистон Игор Гиоргадзе моҷарое сар зад. Ба гуфтаи ӯ, кормандони ин марказ иқрор шудаанд, ки супоришҳои Пентагонро иҷро мекунанд. Дар ин ҷо таҷҳизоти пошидани моддаҳои зарарнок ва лавозимоти чангӣ бо материалҳои аз ҷиҳати биологи фаъол мавҷуд аст".
Заместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков: НАТО дарк мекунад, ки наметавонад дар Украина мустақиман вориди ҷанг шавад
Илова бар ин, дар яке аз ин марказҳо даҳҳо бемороне, ки дар он ҷо табобат мегиранд, фавтидаанд. Собиқ вазир истисно накард, ки онҳо дар озмоишгоҳ болои одамон озмоиш кардаанд. ИМА ҳама чизро рад кард. Пентагон барои лабораторияи марказии реферат (CRL) дар Алма-Ато 108 миллион доллар чудо кард. Ин муассиса моликияти давлатӣ маҳсуб мешавад ва ба омӯзиши штаммҳои вирусҳои хоси Қазоқистон тахассус дорад. Чор сол пеш дар ҷумҳурӣ афзоиши бемории менингит ба қайд гирифта шуда буд. Овозаҳо паҳн шуданд, ки гуё ин озмоиши Вашингтон аст.
Чунин озмоишгоҳои биологӣ дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ мавчуданд. Онҳо инчунин аз ҷониби амрикоиҳо маблағгузорӣ карда шуданд. Тирамоҳи соли 2020 дабири Шӯрои Амният Николай Патрушев дар мулоқот бо ҳамкорони худ дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой шикоят кард, ки "Вашингтон бо баҳонаи кумаки эпидемиологӣ ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай маълумоти биологӣ ҷамъоварӣ мекунад." Чин тақозо кардааст, ки ҳама муассисаҳои пажӯҳишии Амрико дар Осиёи Марказӣ баста шаванд.
Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иддао доранд, ки ҳеҷ гуна таҳаввулоти низомии Амрико дар ин кишварҳо вуҷуд надорад. Пекин ва Москва аз ин дилпур нестанд.
"Ҷангҳои асри 21 гибридӣ мебошанд. Мо бояд инро дақиқ дарк кунем. Муҳимтар аз ҳама фаҳмидани қонунҳои онҳо, муқобила бо онҳо - на танҳо сироятҳо, балки чунин ҳамлаҳои гибридии иттилоотӣ-террористӣ, ки барои тамоми бахшҳои ҷомеа пешбинӣ шудаанд. Эпидемиология ҳамеша як масъалаи сиёсӣ буд, зеро он ба таъсир ба тамоми ҷомеа дахл дорад, на танҳо ба беморон," таъкид мекунад Онишенко".
Лентаи хабарҳо
0