Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дар Аврупо штамми нави коронавирус пайдо шуд: СҶБ тасдиқ кард

© Pexels/CDCКоронавирус
Коронавирус - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Штамми нав дар натиҷаи таҳаввули ду навъи ахири коронавирус пайдо шуд ва сатҳи сирояти он пасттар арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Дар Аврупо як штамми нави коронавирус бо номи "Делтакрон" муайян карда шуд. Дар ин бора намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Мария вен Керховке хабар дод.
Манобеи РИА Новости бо истинод ба намояндаи СҶБ менависад, ки штамми нав аллакай дар Фаронса, Ҳоллан ва Дания ошкор шуда, сатҳи сироятёбии он паст арзёбӣ мешавад.
"Делтакрон" аз таҳаввули зернамудҳои штамми "Делта" AY.4 ва "Омикрон" BA.1/BA.2 ба вуҷуд омадааст", - афзудааст Мария вен Керховке зимни як ҷаласаи СҶБ.
Вай қайд кард, ки коршиносони СҶБ аллакай дар ҷаласаи рӯзи 7 март пайдоиши ин навъи коронавирусро баррасӣ кардаанд.
Лечение больных с COVID-19 в ЦКБ РЖД-Медицина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пизишкон муайян намуданд, ки чӣ чиз боиси марги гирифторони коронавирус мешавад
Дар ҳамин ҳол, моҳи январ як гурӯҳ олимони факултаи илмҳои биологии Донишгоҳи Кипр аз бурузи пайванди штамҳои "Делта" ва "Омикрон" хабар доданд.
Аммо, СҶБ баъдан иқрор шуд, ки ин метавонад иштибоҳ бошад ва пешниҳод карданд, ки номи "Делтакрон" истифода нашавад.
Маврид ба зикр аст, ки то 10 марти соли 2022 дар саросари ҷаҳон 451 742 796 нафар бо навъҳои гуногуни штаммҳои коронавирус бемор шудаанд.
Дар Тоҷикистон аз 24 феврали соли равон то ҳол ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст.
Мақомот: Беш аз 90%-и тоҷикистониҳо ваксина гирифтаанд
Аз аввали бурузи ин вирус дар ҷумҳурӣ 17 388 нафар сироят шудаанд, ки аз ин миён 17 263 нафар шифо ёфта, 124 бемор ҷон аз даст доданд.
Лентаи хабарҳо
0