Фоҷиа ҳангоми истироҳат: Мошин бо 12 узви як оила - 7 кӯдак дар Панҷ ба ҷарӣ афтид

© Flickr \ Graeme WoodallАвтомобильная авария
Автомобильная авария  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Нохушӣ замоне рӯх додааст, ки аҳли оила барои истироҳат ба кӯҳсор рафтаанд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, истироҳати як оила дар ноҳияи Панҷ бо фоҷиа анҷомид.
Ба иттилои ВУД, ҳодиса рӯзи 9-уми март рӯх додааст. Зикр гардидаст, ки сокини 28-солаи деҳаи Турдишайхи ноҳияи Панҷ ҳамроҳи 11 узви дигари оилааш бо мошинаш барои истироҳат ба доманакӯҳи ҷамоати Озодагон рафтаанд.
Мақомот мегӯянд, барои истироҳат дар баробари ронанда аъзои оилааш, занону духтарони 50, 26, 25, 17, 7, 5, 3-сола ва мардону писарони 31, ду писарчаи 5 ва як кӯдаки 3-сола ӯро ҳамроҳӣ кардаанд.
Дорога в Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Ҳалокати пиёдагарди номаълум зери мошини боркаш: Ронанда мегӯяд, равшанӣ чашмонашро зад
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳангоме ин оила дар истироҳат қарор доштааст, ногаҳон борон меборад ва аҳли оила чизу чораҳояшонро ҷамъ карда, ба автомашина савор шуда ҳаракат мекунанд.

"Вале аз шиддати борони зиёд автомашина лағжидааст, ки ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти писта бархӯрда, баъдан ба ҷарии 150 метр сарозер шудааст", - омадааст дар иттилоия.

Дар натиҷа писарчаи 3-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, аъзои дигари оила бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0