Бо Горди фахрӣ. Истиқболи расмии Раҳмон дар Миср - акс

© NakibMurodovКишвардорони Тоҷикистону Миср
Кишвардорони Тоҷикистону Миср  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Тоҷикистонро дар Миср бо Горди фахрӣ ва суруди миллӣ истиқбол гирифтанд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расман дар назди Қасри Иттиҳодияи Ҷумҳурии Арабии Миср пешвоз гирифтанд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, ба хотири истиқболи Эмомалӣ Раҳмон майдони Қасри Иттиҳодия бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта буд.
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро президенти Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ истиқбол гирифта, ӯ ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват шуд.

Ш"Дар майдони назди Қасри Иттиҳодия Горди фахрӣ саф ороста буд", - омадааст дар хабар.

Дар маросими истиқболи расмӣ сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо доданд.
Шиносоии ҳайатҳои Тоҷикистону Миср
Шиносоии ҳайатҳои Тоҷикистону Миср - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Шиносоии ҳайатҳои Тоҷикистону Миср
Дар ин маросим сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Миср ошно шуданд.
Лентаи хабарҳо
0