Дар Курёи Ҷанубӣ президенти нав интихоб шуд: ӯ кист?

© AFP 2022 / JUNG YEON-JEНовый президент Южной Кореи
Новый президент Южной Кореи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кӣ президенти нави Курёи Ҷанубӣ шуд ва чанд интихобкунанда ба тарафдории ӯ овоз дод
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Юн Сок Ёл, номзад аз ҳизби муҳофизакори мухолифи "Нерӯи шаҳрвандӣ" дар пайи шумориши раъйҳо президенти нави Курёи Ҷанубӣ шуд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба маълумоти Комиссияи миллии интихоботии ин ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Курёи Ҷанубӣ рӯзи 9 март баргузор шуд, ки дар он 77,1% аз раъйдиҳандагон ширкат карданд. Аз 44 миллион нафар қариб 34 миллион нафар дар интихобот ширкат ва овоз доданд.
Номзадҳо барои интихобот Ли Ҷе Мюнг (аз Ҳизби муттаҳидаи демократӣ) ва Юн Сок Ёл (аз Ҳизби муҳофизакори нерӯҳои шаҳрвандӣ) буданд.
Номзад ба мақоми президентӣ Ан Чул Су (аз Ҳизби марказгарои мардумӣ) дар бораи ҳамроҳ шудан бо Юн Сук Ёл танҳо пеш аз интихобот эълон кард. Тибқи маълумоти Комиссияи миллии интихоботӣ, пас аз шумориши 100%-и овозҳо Юн Сок Ёл 48,56% ва Ли Ҷе Мюн 47,83% овоз ба даст оварданд.
"Ҳангоми гузаронидани маъракаи интихоботӣ ман бисёр чизҳоро омӯхтам. Масалан, ба роҳбари кишвар чӣ лозим аст, чӣ гуна ба овози шаҳрвандон гӯш додан лозим аст. Ҳоло рақобат ба охир расид ва мо бояд ҳама ба хотири шаҳрвандони худ муттаҳид шавем, ба хотири Ҷумҳурии Куриё мо бояд якҷо шавем", - гуфт Юн Сок Ёл дар муроҷиат ба мардум пас аз пирӯзӣ.
Вай таъкид кард, ки бо Ҳизби демократӣ муттаҳид мешавад, Конститутсия ва парлумонро, ки ҳоло аксари демократҳо дар он ҷойгиранд, эҳтиром хоҳад кард.
Президенти нав бо рақибони худ Ли Ҷе-Мен ва Сим Санг-Ҷонг аз Ҳизби адолат, ки 2,37% овозҳоро ба даст овардаанд, ҳамдардӣ изҳор кард.

Юн Сок Ёл кист?

Юн Сок Ёл қаблан ба ҳайси Додситонии кул кор мекард ва дар сиёсат чеҳраи нав аст. Ӯ аз охири соли 2020, вақте ки ошкоро ба ислоҳоти додситонӣ мухолифат мекард, маъруфият пайдо кард ва дар расонаҳо номаш расонаӣ шуд.
Интихобкунандагони муҳофизакор муборизаи тӯлонии ӯро бо маъмурияти президенти кунунӣ ва демократ Мун Чжэ Ин дӯст медоштанд. Юн Сок Ёл дар суханрониҳои худ гуфт, ҳукумат нотавон ва фасодзада аст, қудратро "хусусӣ" мекунад ва миллатро " ғорат " менамояд
Баъдан ӯро ба нақзи ахлоқию ҳуқуқӣ муттаҳам карданд ва борҳо аз кор барканор, аммо дар додгоҳ аз ҳуқуқи худ дифоъ мекард.
Моҳи марти соли 2021 сарвари нави давлат истеъфо дод ва ҳамчун номзади мустақил дар интихоботи президентӣ ширкат кард, вале баъдан ба Ҳизби "Нерӯи шаҳрвандӣ" пайваст.
Лентаи хабарҳо
0