Лавров аз қасди ИМА барои сохтани силоҳи биологии алайҳиқавмӣ гуфт

© PixabayМикроскоп
Микроскоп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, шубҳае нест, ки ИМА қасди сохтани силоҳи биологии алайҳиқавмиро дорад
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия озмоишҳои Пентагон дар қаламрави Украина бо патогенҳои хатарнокро нафратангез хонд.
Лавров дар пайи мулоқот бо ҳамтои украинияш Дмитрий Кулеба аз озмоишҳо бо патагенҳое гуфт, ки баъдан метавонанд барои сохтани силоҳи биологӣ истифода шаванд.
"Албатта, амрикоиҳо ин фаъолияташонро махфӣ нигоҳ медоштанд. Дақиқан ба ҳамин шева онҳо дар кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ фаъолият мекунанд, ки пажуҳишгоҳҳои низомӣ - биологиро дар атрофи Русия ва Чин месозанд. Ин такзибнашаванда аст", - гуфт ӯ.
Вай таъкид намуд, ки дар мавриди истифодаи силоҳ аз сӯйи амрикоиҳо иттилоъ надорад.
"Аммо ин ки озмоишҳо сулҳхоҳона набуданд, балки ба сохтани силоҳи биологӣ равона шуда буданд, дақиқ аст. Махсусан ба сохтани силоҳи биологии таъйиноти этникӣ равона шуда буданд ва дар ин амалан шубҳае нест", - гуфт вазир.
Ин дар ҳолест, Вазорати дифои Русия ахиран изҳор дошт, дар озмоишгоҳҳои биологии Украина, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида сохта ва маблағгузорӣ шудаанд, коронавирус дар кӯршапаракҳоро озмоиш кардаанд.
"Дар ташхисгоҳҳои биологӣ, ки дар Украина сохта ва маблағгузорӣ мешаванд, тавре ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, коронавирус дар кӯршапаракро озмоиш кардаанд",- гуфт намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков.
Инсталляция Подземное отражение усадьбы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Фошкориҳои Русия аз озмоишгоҳҳои ИМА дар Украина
Вазорати корҳои хориҷии ИМА гуфт, дар Украина озмоишгоҳе надорад. Аммо қабл аз ин Виктория Нуланд, муовини вазири умури хориҷаи Амрико бо эътирофи мавҷудияти муассисаҳои таҳқиқотии биологӣ дар қаламрави Украина чунин озмоишҳоро рад карда буд.
Дар маҷмуъ, Вазорати дифои Русия гуфт, дар Украина шабакаи 30 ташхисгоҳи биологиро кашф кард, ки барои Иёлоти Муттаҳида кор мекарданд.
Лентаи хабарҳо
0