Мадуро: Ҷаҳон дар остонаи ҷанги нав аст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Венесуэлы Николас Мадуро во время встречи с президентом РФ Владимиром Путиным
Президент Венесуэлы Николас Мадуро во время встречи с президентом РФ Владимиром Путиным - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Венесуэла Мадуро таҳдиди ҷанги навро, ки хатари ҳастаӣ шуданро дорад, эълон кард
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ба гуфтаи Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла, ҷанги нави ҷаҳонӣ алакай оғоз шудааст. Изҳороти ӯ дар пахши телевизиони TeleSUR садо дод.
Вай равшан кард, ки ин ҷанг характери иқтисодӣ дорад.
"Ҳадафи он буғии минтақаҳо ва кулли кишварҳост, барангехтани бесуботӣ дар таъмини ашёи хом, маводи ғизоӣ ва энержӣ аст", - шарҳ дод сарвари ин давлат.
Ба фикри у, ин ҷанг барои интиқоли рӯёрӯйӣ аз ҳавзаи иқтисод ба ҷанги ҳақиқии мусаллаҳона бо хавфи истифода бурдани яроқи ядроӣ таҳдид мекунад.
"Ман яке аз онҳое будам, ки дар аввал эҳтимоли пайдоиши силоҳи қатли ом дар Украина ва ба сӯи Русияро равон кардани онро рад намекардам. Дар ҷаҳон хатари воқеии ҷанги ҳастаӣ вуҷуд дорад. Венесуэла аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки бошуур бошанд", - хулоса кард Мадуро.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Биологически опасное вещество в руках лаборанта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Таҳдид дар пушти дар. Иёлоти Муттаҳида дар Украина даҳҳо ташхисгоҳҳои биологӣ таъсис дод
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад.
Рӯзи душанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Белорус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард. Тавре ёвари раисиҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳо пайдо карданд.
Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча баргузор шуд.
Церемония приветствия многонационального батальона НАТО под руководством США в польском Ожише - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Пентагон нақшаи амали артиши ИМА дар Украинаро ошкор кард
Даври сеюми музокироти Русияву Украина, ки рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, барои ҳарду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод. Ҳарду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзӯи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Ҷонибҳо то ҳол сана ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0