Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Музокирот пас аз тирпаронӣ дар марз анҷом ёфт: КДАМ гуфт, чӣ тавофуқ ҳосил шуд

© Sputnik / Игорь Егоров / Гузаштан ба хазинаи аксВоеннослужащие вооруженных сил Кыргызстана на границе с Таджикистаном
Военнослужащие вооруженных сил Кыргызстана на границе с Таджикистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бар асари тирпаронии рӯзи 10 март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як сарҳадбони тоҷик кушта шуд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Вазъият дар марз бо Тоҷикистон пас аз тирпарронӣ муътадил аст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба КДАМ ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, феълан музокирот ба поён расид ва интизор меравад, рӯзи 12 март ин масъала боз мавриди баҳси ҳар ду ҷониб қарор гирад.
Қаблан миёни марзбонони ду кишвар тирпаронӣ рух дода буд, ки тақрибан 10 дақиқа идома кард.
Зас: Тоҷикистону Қирғизистон қодиранд, масъалаи марзиро мустақилона ҳал кунанд
Хадамоти марзбонӣ гуфт, ин ҳодиса дар қитъаи номаълуми Тескей рух додааст. Зимнан, намояндагони ҳар ду кишвар сари мизи музокирот нишастанд.
Дар ҳамин ҳол КДАМ Қирғизистон тавзеҳ дод, ки ҷонибҳо ба чунин тавофуқот расиданд:
ҳар як тараф ин воқеаи мусаллаҳонаро худашро худаш таҳқиқ мекунад. Натоиҷи муқаддамотӣ дар мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки рӯзи 12 март баргузор мегардад, эълом мешавад;
ҳар тараф корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ давом медиҳад. Мақомоти вилояти Бодканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон аллакай ба анҷоми корҳо ҷиҳати ҷилавгирӣ аз даргириҳо шуруъ кардаанд;
масъалаҳои риояи меъёрҳои муқаррашуда дар хатти сарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати низомии раёсатҳои сарҳадии ду кишвар баррасӣ шуданд;
қувваҳо, воситаҳо ва техникае, ки ба минтақаи ҳодиса кашида шудаанд, ба ҷойи пештара баргардонда мешаванд.
Ёдовар мешавем, дар тирпаронии ахир Сунатулло Самадов, сарҳадбони тоҷик кушта шуд.
Иттифоқ уфтодани ин ҳодисаро аз ҳукумати шаҳри Исфара низ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд.
Як корманди ҳукумат ба шарти ифшо накардани номаш гуфт, ҳоло иддае аз масъулин ба маҳалли ин ҳодиса рафтаанд.
Стрельба из АК-47 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Фаврӣ: Кушта шудани як сарбози тоҷик дар тирпаронии ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
“Зимнан дақиқ нест, ки дар пайи ин ҳодиса кӣ осеб дидааст. Ҳоло ҳама масъулони ниҳодҳои давлатӣ ба Чоркӯҳ рафтаанд”, - гуфт манбаъ.
Ҳодисаи тирпарронии ахир дар марзи кишвар бо Қирғизистон дар ҳолест, ки моҳи январи соли ҷорӣ деҳоти наздимарзии Чоркӯҳ шоҳиди муноқишаи мусалаҳона гардида буданд.
Мақомоти Тоҷикистон то 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфтанд, ҳамчунин тайи ин даргирӣ 10 нафар, аз ҷумла 6 низомию 4 мулкии дигар маҷруҳ гардидаанд.
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар сабт нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0