Намояндагӣ ба муҳоҷирон: Пулҳоятонро сарфакорона истифода намоед

Строители, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирон хоҳиш кардааст, ки вобаста ба ваъзи баамаломадаи геополитикӣ ва ноустувории иқтисодӣ дар ҷаҳон ба таҳлука наафтанд
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш намудааст, ки меъёрҳои муқарарнамудаи қонунгузории Русияро риоя намоянд.
Намояндагӣ ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷике, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд, тавсия доданд, вобаста ба тағйирёбии қурби асъор аз хароҷоти дуюмдараҷа, зиёдатӣ худдорӣ ва маблағҳои худро сарфакорона истифода намоянд.
Ҳамчунин намояндагӣ қайд кардааст, ки дар давраи ноустувории иқтисодӣ эҳтимол ҳолатҳои нопардохти музди меҳнат зиёд гардад, бинобар ин тавсия дода мешавад, ки ҳангоми оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, тибқи талаботи шартномаи феҳнатӣ фаъолият намоед.
Встреча с Председателем Совета Федерации Федерального Собрания России Валентиной Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Аз муҳоҷират то сармоягузорӣ: дидору мулоқоти Раҳмон ва Матвиенко
“Инчунин зарур аст, ки ҳангоми илованамоии соатҳои корӣ низ шартномаи иловагӣ ба имзо расонида шуда, нусхаи онро ҳатман дар худ маҳфуз доред”, - қайд кардааст намудааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0