Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Онишенко: Биолабораторияҳои ИМА дар Украина ҳамла омода мекунанд

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийГеннадий Онищенко
Геннадий Онищенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Профессор Геннадий Онишенко мегӯяд, эътироф ва изҳороти муовини котиби давлатии ИМА, Виктории Нуланд дар бораи озмоишгоҳҳои биологии Амрико дар Украина метавонад як аломати оғози ҳамлаҳои террористии биологӣ алайҳи Русия бошад
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Пас аз он, ки Вазорати дифои Русия мавҷудияти беш аз даҳ озмоишгоҳи биологии ИМА дар қаламрави ин кишварро собит кард, амрикоиҳо ҳузури онҳоро эътироф карданд ва шитоб карданд, ки масъулияти оқибатҳои амалиёти низомиро ба дӯши Русия вогузор кунанд.
Ин метавонад як сигнал барои оғози амалҳои террористӣ бо истифода аз силоҳи биологӣ алайҳи Русия бошад, гуфт академик, доктори илмҳои тиб, профессор Геннадий Онишенко дар мусоҳиба бо Sputnik.
"Корҳо оид ба эҷоди силоҳи биологӣ таҳти сарпарастии оҷонсии коҳиши хатари ҳарбӣ - агентие, ки тобеи Вазорати дифои ИМА буда, аз буҷаи Вазорати дифои ИМА маблағгузорӣ мешавад, сурат мегирад. Ин ҳеҷ гуна ҳадафи сулҳомез нест", - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, Русия беш аз даҳ сол қабл масъалаи озмоишгоҳҳои дар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ - Гурҷистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Украина сохташударо ба таври ҷиддӣ матраҳ карда, кӯшиш мекард, ки зарурати ҳузури онҳо дар марзҳои Русияро баррасӣ кунад.
Аммо амрикоиҳо назари Русияро нодида гирифтанд, зеро тамоми кормандон ва худи лабораторияҳо мустақиман ба артиши ИМА итоат мекунанд.
"Ман тақрибан 15 чунин лабораторияро дар қаламрави Украина медонам. Инҳо асосан лабораторияҳои пештараи мо ҳастанд, шояд навсохташуда бошанд. Ман метавонам мисоли равшани конвертатсияшударо нишон диҳам. Вақте ки кишвари мо дар соли 1980 ба Олимпиада омода мешуд, мо дар бандари Одесса будем бо максади пешгирй кардани пайдоиши сироятхои нав, муоинаи одамоне, ки нав вуруд мешуданд, бинои як лабораторияро сохта будем. Ин бино 9 ошёна буда, ман борҳо аз он дидан кардаам. Пас аз пош хӯрдани шӯравӣ ин биноро девор заданд ва ҳатто ба нахуствазири Украина нагуфтанд, ки дар он ҷо чӣ ҳаст", - шарҳ медиҳад Онишенко.
Раиси "Ростех": Амалиёт аз ҳамлаи Украина ба Донбасс ҷилавгирӣ кард
Ин мутахассис мегӯяд, агар ногаҳон дар қаламрави Русия сирояте пайдо шавад, он аз "аслӣ" хатарноктар аст, ки табобат карда намешавад ва ҳамчунин ба ҳадди шадид паҳн хоҳад шуд.
Геннадий Онишенко бар ин назар аст, ки пайдоиши коронавирус, ки ҳама мо бо он дучор шудаем, лаборатория буд ва шояд дар он лабораторияҳои биологии ИМА низ ҷалб карда шаванд. Ин вирус ба сироятҳои табиии фокусӣ тааллуқ дорад, он қаблан дар қаламрави Чин ва ё Русия мавҷуд буд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ ба одам намерасид.
"Ин сироятест, ки дар кӯршапаракҳо, шояд дар ширхӯрони хурд ба вуҷуд меояд ва ҳоло он ногаҳон монеаи байнинамудҳоро паси сар мекунад, тавре ки дар Вуҳан рӯй дод.".
Вай тавзеҳ медиҳад, ки пайдоиши сунъии вирусро исбот кардан мумкин аст, аммо барои ин бояд механизми мониторинги озмоишгоҳҳо дошта бошад.
"Албатта, олимон инро муайян мекунанд, аммо дар заминаи ҳуқуқӣ даъво кардан ғайриимкон аст, зеро Конвенсия дар бораи манъи таҳия, истеҳсол ва захираи силоҳи бактериологӣ (биологӣ) ва токсинӣ ва нобудсозии онҳо, ки соли 1972 қабул шуда буд, ҳанӯз механизми назоратро эътироф накардааст, - шарҳ медиҳад Онишенко.
Американские военные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сафорати Украина гуфт, чӣ гуна амрикоиҳоро ба ҷанг бо Русия ҷалб мекунад
Вай мегӯяд, ки чунин механизм соли 2001 пас аз зарба задани ҳавопаймоҳо ба манораҳои дугоники Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат таҳия шуда буд, аммо расо як ҳафта баъд - 18 сентябри соли 2001 дар Амрико ногаҳон одамон, маъмулан рӯзноманигорон аз бемории хатарнок фавтиданд.
"Конгресси ИМА комиссия таъсис дод ва собит шуд, ки ин бемории илтиҳоби сӯхтанӣ аст, ки аз Пажӯҳишгоҳи ҳарбии бемориҳои сироятии Форт-Детрик ба вуҷуд омадааст, ки бо барномаҳои ҳамлаи ҳарбӣ машғул буд ва хоҳад буд.
Дар Уляновск барои транзит ба Афғонистон як пойгоҳи низомии Амрико таъсис дода шуд, пойгоҳҳои низомии Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар Ӯзбекистон истифода мешуданд, ҳатто як фурудгоҳи ғайринизомӣ дар Қирғизистон барои ҳавопаймоҳои низомии нақлиётии Амрико, ки ба Афғонистон борҳои низомӣ мебурданд, истифода мешуданд.
Ин натиҷаи ҳамлаи террористие аст, ки амрикоиҳо алайҳи мардуми худ ташкил кардаанд, шарҳ медиҳад Онишенко. Ва ӯ меафзояд, ки ҳеҷ кас наметавонад лабораторияҳои биологии амрикоиро назорат кунад.
Церемония приветствия многонационального батальона НАТО под руководством США в польском Ожише - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Пентагон нақшаи амали артиши ИМА дар Украинаро ошкор кард
Вай итминон дорад, ки потенсиали дар Украина бунёдшуда хатари воқеӣ дорад - микробиологҳои амрикоӣ ресептҳоеро таҳия кардаанд, ки метавонанд бар зидди Русия ҳамчун ҳамлаи гибридӣ истифода шаванд. Ин метавонад "амали террористии биологӣ бошад, ки фавран бо ҳамлаи иттилоотӣ-террористӣ ҳамроҳ мешавад, ки мо ду сол боз бо мақсади тарсондан, бадном кардан, ба вуҷуд овардани вазъиятҳои бесуботӣ, ки ғайривоқеӣ, вале ба рӯҳияи аҳолии ҷаҳон таъсир мерасонанд, мушоҳида мекунем.
"Худо накунад, ки якпорчагии онҳоро (лабораторияҳо дар Украина - идора) ҳамон амрикоиҳо поймол мекунанд, вале онҳо метавонанд ин корро кунанд. Онҳо аллакай ба ин ҳамла омодагӣ мегиранд.
Нуланд матни каси дигареро хонд, ки кадоме аз сержанти калони вазорати дифоъи ИМА навиштааст. Ин як таҳдиди воқеӣ барои аҳолии Украина ва барои мост. На танҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ҳамлаи террористии биологиро дар ҳама ҷо пинҳон кардан мумкин аст, он фавран оғоз нахоҳад кард, бовар дорад Онишенко.
"Мақомоти Украина бо иҷоза додан ва амалан таъсиси пойгоҳҳои биологии низомии ИМА дар қаламрави кишварашон алайҳи мардуми худ ҷиноят содир кардаанд. Барои ин онҳо бояд дар назди мардуми худ ҷавоб диҳанд. Аз ин рӯ, имрӯз мо бояд диққати худро ба гирифтани ҳар як лаборатория дар Украина равона созем, зери назорати худи мо ва боқимондаро мутахассисони мо анҷом медиҳанд", - боварӣ дорад Геннадий Онишенко.
Лентаи хабарҳо
0