Қурби рубл дар Тоҷикистон боло рафт: бо доллару евро чӣ шуд?

Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон баробари ҷаҳиши доллар қурби пули русиро ҳам боло бурдаанд
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро дар қиболи асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 109 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 99 сомонӣ медоданд.
Ҳамин тариқ ин ниҳод давоми ду рӯзи гузашта рубли русиро низ дар баробари сомонӣ наздик ба 20 сомонӣ боло бурдааст.
Арзиши арзи аврупоӣ бошад, баъди 180 сомонӣ гарон шудан каме поин рафтааст. Ҳоло дар кишвар бар ивази 1 евро 14.3169 сомонӣ медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон, ки ҳама рекордҳоро шикаста буд, устувор, 13 сомонӣ барои 1 доллар боқӣ мемонад.
Пачки долларовых купюр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Иқтисоддонҳо аз қурби "одилона"-и доллар дар ҳайрат уфтоданд
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 13.0000 то 13.0500 сомонӣ;
1 евро аз 14.3169 то 14.7800 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1090 то 0.0985 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0