Эмомалӣ Раҳмон кӯҳҳои Тоҷикистонро бо аҳроми Миср муқоиса кард

© пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон посетил Национальный музей египетской цивилизации
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон посетил Национальный музей египетской цивилизации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Президент дар кишвари арабии Миср соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ карда, аз табиати зебои Ватан ситоиш намуд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони мисрӣ аз табиати зебои Тоҷикистон ёдовар шуд ва кӯҳҳои Ватанро бо аҳроми Миср муқоиса кард.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби таваҷҷуҳи соҳибкорони мисрӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон табиати нотакрор, ёдгориҳои беназири таърихиву фарҳангӣ ва имкониятҳои зиёди сайёҳӣ дорад.
"Қаторкӯҳҳои зебои Тоҷикистон, ки мисли аҳромҳои мисрӣ кишвари моро зеб медиҳанд, шаршараҳои оби мусаффо ва дигар манзараҳои беназир сайёҳонро ҳар сол барои дидор ба Тоҷикистон ҷалб менамоянд, шумораи онҳо сол то сол афзоиш меёбад", - гуфт президенти Тоҷикистон.
Ӯ афзуд, Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои оби ошомиданӣ ва намаки ошӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад.
Президент таъкид кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон омодааст, пешниҳодоти асосноки сармоягузорони мисриро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мазкур дастгирӣ намояд.
Переговоры высокого уровня между Таджикистаном и Египтом 10.03.2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Сисӣ даъвати Раҳмон барои боздид аз Тоҷикистонро пазируфт
Раҳмон бо итминон иброз дошта, ки рушди муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ва истифодаи имкону захираҳо барои мардумони ҳар ду кишвар судовар хоҳад буд.
Кишвардор аз соҳибкорон ва сармоягузорони Миср даъват кардааст, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу барои ҷонибҳо судманд, таъсис додани ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Миср дар самтҳои гуногун ба Тоҷикистон омада, дар татбиқи лоиҳаҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ фоидаи зиёд меоранд, иштирок намоянд.
Аҳроми Миср - мақбараҳои бузурги сангини фиръавнҳои Мисри Қадим, ки ба мисли ҳирам махрутшакланд мебошад. Онҳо яке аз ҳафт муъҷизаи ҷаҳон ва макони тамошобоб барои сайёҳон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0