Роҳи Хоруғ - Ишкошим муваққатан баста шуд

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузаштан ба хазинаи аксДорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар роҳҳои Тоҷикистон тоза кардани роҳҳо аз тарма идома доранд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Бар асари резиши тарма роҳи Душанбе - Хуҷанд то ҳол баста аст. Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, роҳи Хоруғм - Ишкошим низ масдуд шудааст.
Тибқи иттилои КҲФ, рӯзи 9 март дар роҳҳои Душанбе – Варзоб (км 57, 58, 67, 68 ва 71), Душанбе – Хоруғ (км 478 ва 497), Хоруғ – Ишкошим (км 29) ва шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Дар Мурғоб (558 км) дар 18 маврид тарма фаромадааст.
Корҳои поксозии роҳҳоро хадамоти роҳдории Вазорати нақлиёт, ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз" (IRS) ва наҷотдиҳандагони КҲФ, ки шабонарӯзӣ дар маҳалҳои лағзиши барф навбатдорӣ мекунанд, анҷом медиҳанд.
Ликвидация последствий после ливневых дождей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Ҳушдори тоҷикистониён аз ҳавои номусоид ва обхезиву селу сангрезиш
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи КҲФ гуфт, роҳҳои Душанбе - Хуҷанд ва Хоруғ - Ишкошим муваққатан баста шудаанд.
Ҳамчунин дар километри 237-уми шоҳроҳи Дарвоз - Шамсиддини Шоҳин - Кӯлоб, ки аз ҳудуди деҳаи Анҷирободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад, бар асари боришоти зиёд сангрезӣ рӯх додааст.
Кормандони Вазорати нақлиёт оқибатҳои резиши сангро бартараф кардаанд, феълан роҳ боз аст.
Ёдовар мешавем, Оҷонсии ҳавосанҷии Тоҷикистон сокинони кишварро ҳушдор додааст, ки то охири ҳафта хатари фаромадани тарма, сел, сангрезӣ ва ҳамчунин болоравии сатҳи об дар обанборҳо вуҷуд дорад.
Лентаи хабарҳо
0