Русия беш аз 213 ҳазор паноҳанда аз Донбассу Украина қабул кард

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкЭвакуация жителей Горловки
Эвакуация жителей Горловки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Аз авохири моҳи феврал то ҳол, беш аз 200 ҳазор паноҳанда ба Русия оварда шуд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Зиёда аз 213 ҳазор паноҳанда аз Донбасс ва Украина ба Русия оварда шуданд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба мақомоти интизомӣ.
Аз шумораи умумии онҳое, ки аз 18 феврал инҷониб кӯчонида шуданд, беш аз 185 ҳазор нафарашон сокинони ҶМД ва ҶМЛ мебошанд.
"То субҳи 10 март беш аз 213 000 нафар марзи Русияро убур кардаанд, ки беш аз 185 000 нафари онҳо аз 18 феврал аз ҶМД ва ҶМЛ омадаанд", - гуфт манбаъ.
Ҳамчунин маълум аст, ки ҳудуди 28 ҳазор нафар - шаҳрвандони Русия, Украина ва дигар давлатҳо тавассути посгоҳҳои вилоятҳои Белгород, Брянск, Курск ва Қрим аз Украина кӯчонида шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Президент РФ Владимир Путин во время телефонного разговора - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Путин бо Шолтс вазъи Украинаро баррасӣ кард
Рӯзи душанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Белорус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард. Тавре ёвари раисиҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳо пайдо карданд.
Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча баргузор шуд.
Парчамҳои Русия ва "Катюша": ҷонибдории ҳазорҳо суриягӣ аз амалиёти вижаи Русия - видео
Даври сеюми музокироти Русияву Украина, ки рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, барои ҳарду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод. Ҳарду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзӯи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Ҷонибҳо то ҳол сана ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0