Содироти баъзе молҳо аз Русия муваққатан мамнуъ шуд - рӯйхат

© Sputnik / Сергей АверинЗнак стоп-контроль на границе
Знак стоп-контроль на границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар рӯйхат қариб 200 номгӯйи мол мавҷуд аст, ки содироти онҳо аз қаламрави Русия муваққатан мамнуъ шудааст
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ҳукумати Русия феҳристи молу таҷҳизоти қаблан аз хориҷ ба Русия воридшударо муайян кард, ки муваққатан содироти онҳо аз ин кишвар мамнуъ аст, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Ба рӯйхат таҷҳизоти технологӣ, телекоммуникатсионӣ, тиббӣ, воситаҳои нақлиёт, мошинҳои кишоварзӣ, таҷҳизоти барқӣ – дар маҷмуъ беш аз 200 номгӯй, аз ҷумла вагонҳо ва локомотивҳо, контейнерҳо, турбинаҳо, мошинҳои коркарди металлу санг, мониторҳо, проекторҳо, консолҳо ва панелҳо дохил мешаванд. Ин тадбир барои таъмини субот дар бозори Русия зарур аст”, - гуфта мешавад дар изҳорот.
 Рабочие на строительной площадке газопровода Северный поток — 2 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
"Ба фоҷеа рӯ ба рӯ мешавем". Таҳримҳои зиддирусӣ ба Аврупову Чин лозиманд?
Содироти ин молҳо ба истиснои кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё (ЕАО), Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ ба дигар кишварҳо муваққатан мамнуъ шудааст.
Нисбат ба ин кишварҳо тартиби иҷозати содирот, ки бо қарори алоҳидаи ҳукумат тасдиқ шудааст, татбиқ мешавад.
Иҷозат барои содироти мол ба кишварҳои ИА, Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ, Вазорати нақлиёт, Вазорати саноат ва савдо, Вазорати рушди рақамӣ ва Вазорати захираҳои табиӣ дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0