Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Сафорати Украина гуфт, чӣ гуна амрикоиҳоро ба ҷанг бо Русия ҷалб мекунад

© Flickr / The U.S. Army / Sgt. Timothy PikeАмериканские военные, архивное фото
Американские военные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Атташеи низомии сафорати Украина дар Вашингтон шеваи интихоби шаҳрвандони ИМА барои ҷанг алайҳи Русияро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Ҳудуди 100 шаҳрванди ИМА марҳилаи интихобӣ барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Украинаро гузаштанд, изҳор доштааст генерал-майор Борис Крементский.
Аз миёни интихобшудаҳо, аз ҷумла собиқадорони ҷанг дар Ироқ ва Афғонистон низ ҳастанд, иқтибос овардааст РИА "Новости" аз суҳбати Кременетский бо "Ассошейтед Пресс". Таъкид шудааст, ки суҳбат барои интихоб аз тариқи "Zoom" баргузор мешавад.
Ба гуфтаи Кременетский, аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина ҳудуди 6 ҳазор ихтиёрӣ аз ИМА хостори интиқол ба Украина шудаанд. Вай илова намудаст, ки номзадии бисёри онҳо ба далели гузаштаи ҷиноӣ, надоштани таҷрибаи ҷангӣ, син ва бархе далелҳои дигар рад шудааст.
Церемония приветствия многонационального батальона НАТО под руководством США в польском Ожише - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Пентагон нақшаи амали артиши ИМА дар Украинаро ошкор кард
Ин дар ҳолест, ки ахиран намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия, Мария Захарова гуфт, Маскав барои ҳифзи ҷони хориҷиёне, ки тасмим гирифтаанд, дар амалиёти ҷангӣ дар Украина иштирок кунанд, масъул нест.
"Ҳар амали мусаллаҳона алайҳи хидматчиёни ҳарбӣ дар Украина фавран хунсо хоҳад шуд", - гуфт Мария Захарова.
Ахиран хабарҳо дар мавриди ҷалби хориҷиён барои муқовимат алайҳи нерӯҳои Русия нашр шуданд. Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, хориҷиён дар Украина фитнаҳои мусаллаҳона бо силоҳи таъминкардаи Ғарб анҷом доданиянд.
Мақомоти Киев мегӯянд, феълан ҳудуди 20 ҳазор дархост аз ҷониби хориҷиён барои иштирок дар мухолифат ба ҷонибдорӣ аз Украина ворид шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Президенти Русия, Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Лентаи хабарҳо
0