Бозингарони Тоҷикистон дар WoW "ройгон" бозӣ хоҳанд кард

© Blizzard EntertainmentСкриншот из World of Warcraft
Скриншот из World of Warcraft - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ширкати амрикоӣ роҳҳои пардохт дар ивази хадамоти худ дар Русияро меҷӯяд, ки бозигарон аз кишварҳое, ки рублро истифода мебаранд, тавонанд аз он истифода кунанд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ношири бозиҳои видеоии "Blizzard" барои сокинони ИҶШС-и собиқ шароити обунаи якмоҳа ба "World of Warcraft"-ро фароҳам мекунад.
Дар ин бора аз мактубе, ки бозигарони фаъоли MMO-и машҳур гирифтаанд, маълум гардид.
Дар ин паём ширкат вазъи душвореро, ки бозигарон аз кишварҳои иттиҳоди собиқ бар асари таҳримҳои зидди Русия дар пасманзари амалиёти вижаи он барои ҳифзи Донбасс дар Украина рӯ ба рӯ шудаанд, тавсиф мекунад.
"Таҳримҳо на танҳо ба Русия, балки ба як қатор кишварҳое, ки барои харид дар "World of Warcraft" бо рубл пардохт мекунанд, низ таъсир расонданд,. Барои дастрасии бозигарони ба ҳисобҳояшон вақти иловагӣ медиҳем", - хабар медиҳад хадамоти матбуотии "Blizzard".
Ҳамин тариқ, бозигарон аз Тоҷикистон, Украина, Қазоқистон, Гурҷистон, Молдова, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Муғулистон, Арманистон ва Туркманистон ҷуброн хоҳанд гирифт.
Ягона шарт мавҷудияти вақти фаъоли бозӣ аз 1 феврал то 7 март буд.
Ношир қайд мекунад, ки ҳоло дар кишварҳои болозикр усулҳои пардохти алтернативӣ ҷустуҷӯ карда мешаванд.
Қаблан як қатор кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав бастаи таҳримот ҷорӣ карданд. Масалан, низоми пардохтии байналмилалии "Visa" ва "Mastercard" дар Русия корашонро қатъ кардаанд.
Ин маҳдудиятҳо ба дӯстдорони бозиҳои видеоӣ осеб расониданд, зеро дорандагони кортҳо бинобар баста шудани интиқоли фаромарзӣ наметавонанд пардохт кунанд.
Лентаи хабарҳо
0