Дар Туркия мулоқоти вазирони умури хориҷаи Русия ва Украина оғоз мешавад

© Sputnik / Владимир Песня / Гузаштан ба хазинаи аксВстреча глав МИД РФ и Турции С.Лаврова и М.Чавушоглу
Встреча глав МИД РФ и Турции С.Лаврова и М.Чавушоглу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Интизор меравад, пас аз анҷоми музокирот нишасти матбуотии вазири умурии хориҷаи Русия Сергей Лавров сурат гирад
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Музокироти вазирони корҳои хориҷии Русияву Украина Сергей Лавров ва Дмитрий Кулеба дар Анталия оғоз ёфт, хабар медиҳад РИА "Новости".
Манбаъ меафзояд, дар мулоқот сардорони умури хориҷии Русия ва Украина дар рӯ ба рӯи якдигар нишастаанд.
Дар ин музокирот вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Чавушоғлу низ ҳузур дорад.
Главы МИД Украины Дмитрий Кулеба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Киев се масъала барои баррасӣ бо Лавровро гуфт
Мизҳое, ки ҳар се дар он менишинанд, дар шакли П гузошта шудаанд. Ҳайати ҳар се кишвар аз се нафарӣ иборат аст. Аз ҷумла, аз ҷониби Русия дар мулоқот муовини вазири умури хориҷӣ Андрей Руденко, ки дар мулоқотҳои ҷонибҳои Русия ва Украина дар қаламрави Беларус ширкат мекунад, иштирок дорад.
Бояд зикр намуд, ки музокироти Лавров ва Кулеба аввалин музокирот аз замони оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина аст.
Интизор меравад, пас аз анҷоми музокирот нишасти матбуотии вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров баргузор шавад.
Лентаи хабарҳо
0