Боздошти Нуруллои Кафтарбоз ва гурӯҳаш бо маводи мухаддиру силоҳ дар Душанбе

Наркотики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомот фаъолияти як гурӯҳи ҷиноиро дар шаҳри Душанбе мутаваққиф кардаанд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғул буд, хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, мақомот аз ин гурӯҳи ҷиноӣ 13,1 кило ҳашиш, афюн, метамфетамин ва силоҳи оташфишон кашфу мусодира кардаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, саркардаи гурӯҳи муташакил Раҳимов Нуруллои 50-сола, сокини шаҳри Душанбе, шахсияти “маъруф ва шинохта” дар олами ҷиноӣ бо лақаби Кафтарбоз будааст.
Ин боздошти дувуми ӯст. Номбурда соли 1995 низ барои муомилоти ғайриқонунии шираи камол 10 солро дар Русия паси панҷара сипарӣ карда буд.
Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2022
Афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон баъди қудратгирии толибҳо дар Афғонистон
Ба иттилои мақомот, ин гурӯҳ инчунин Соқиев Саъдӣ Ҷумъаевич, сокини шаҳри Душанбе, Минбоев Баҳрулло Иззатович (қаблан барои куштор зиндонӣ шуда будааст) сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷобиров Асроритдин Гулбоевич (қаблан барои қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда будааст), сокини шаҳри Душанбе, инчунин шаҳрванди Афғонистон Расули Кабирро шомил буда, кулли онҳо муваққатан дар шаҳри Душанбе ба сар мебурдаанд.
Оҷонсӣ мегӯяд, саркардаи гурӯҳи муташакил Нурулло Раҳимов чунин вонамуд кардааст, бо парвариш ва нигоҳубини паррандаҳо, ки гӯё ҷузъи асосии фаъолияти соҳибкории ӯ ба ҳисоб меравад ва ҳама даромадҳояш ба қавле аз ин ҳисоб сарчашма мегиранд, рӯз мегузаронад, аммо дар амал даст ба амалҳои харидуфурӯши маводи нашъадор мезадааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳангоми боздошт аз раиси гурӯҳи ҷиноӣ як таппончаи "Макаров" низ мусодира шудааст.
Нисбати ин афрод, тибқи моддаи 200 (муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад, афзуд оҷонсӣ.
Лентаи хабарҳо
0