Фаронса гуфт, барои роҳандозии парвозҳо бо Тоҷикистон омодааст

© PixabayСамолет на закате, архивное фото
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эммануэл Макрон эълом кард, ки порлумони Фаронса Созишномаи иртиботи ҳавоӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Дар он ба ҷуз аз суханони табрикӣ Макрон эълом дошт, ки Фаронса барои боз кардани иртиботи ҳавоӣ бо Тоҷикистон омодааст.

"Ман бо хушнудӣ хабар медиҳам, ки парлумони Фаронса Созишномаи алоқаи ҳавоӣ, ки мо соли 2019 дар Париж ба имзо расонида будем, ба таъйид расонид", - гуфта мешавад дар барқия.

Раҳбари фаронсавӣ гуфт, кишвараш баъди он уҳдадор шуд, ки Тоҷикистон дар солҳои 2001 то 2014 пойгоҳҳоро ба нерӯҳои ҳавоии Фаронса дар Душанбе таъмин кунад.
"Дар ҳоле ки мо ба 30 соли гузашта менигарем, ман мехостам бори дигар ба кишвари шумо миннатдории Фаронсаро иброз намоям", - гуфт Макрон.
Илова бар ин вай дар паёмаш таъкид кардааст, ки омодааст, кори муштаракро дар ҳама самтҳое, ки дар ҷараёни сафари ахири Раҳмон ба Порис баён шуда буданд, идома диҳад.
Эмомали Рахмон прибыл с официальным визитом во Францию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Раҳмон ва Макрон ба ҳамдигар барқия фиристоданд: сарони ду кишвар аз чӣ гуфтанд?
"Бахусус аз он хушҳолам, ки дар мисоли созишномаи ахиран имзошуда миёни Донишкадаи миллии забонҳо ва фарҳангҳои Шарқу Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳои донишгоҳҳо ҳамкориҳои нав ба роҳ монда шудааст", - афзуд ӯ.
Дар охир Эммануэл Макрон қайд кард, ки омодааст, муколамаи стратегии оғозшуда дар бораи вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказиро идома диҳад.
Вай таъкид кард, ки Париж суботи минтақаӣ дар Осиёи Марказиро муҳим медонад.
Лентаи хабарҳо
0