Фиристодаи СММ бо Ҳаққонӣ афву ҳуқуқи инсонро баррасӣ кард

Флаг ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид бо вазири умури дохилии ҳукумати толибҳо, ки таҳти таҳримоти СММ қарор дорад, мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Мишел Бачелет, комиссари олии СММ дар бахши ҳуқуқи инсон бо Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии толибҳо вазъи ҳуқуқи башарро дар ин кишвар баррасӣ кард.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон хабар дода, зикр намудааст, ки Ҳаққонӣ барои нақзи мунтазами ҳуқуқи башар ва равобит бо созмонҳои террористӣ, аз ҷумла "Ал-қоида"* таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Манбаъ афзуд, дар мулоқот Бачелет ва Ҳаққонӣ афв, аз ҷумла афви мақомдорону низомиёни қаблиро баррасӣ карданд, ки СММ иҷрояшро дар амал қадами муҳим барои ризоияти миллӣ дар Афғонистон медонад.
Ҳаққонӣ изҳор кардааст, ки дар решакан кардани қасди қассос аз душманони пешӣ толибҳо ба дастовардҳои назаррасе ноил гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо нимаи моҳи августи соли гузашта ҳукумат дар Афғонистонро ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Мэнлӣ: Бартарияти паштунҳо дар ҳукумат ба суботи кишвар хатар дорад
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадид дар Афғонистон ташкили ҳукумати ҳамашумул бо фарогирии тамоми қавмҳои ин кишвар, риояи ҳуқуқи инсон, эҳтироми ҳаққи занон ба таҳсилу кор ва роҳ надодан ба фаъолияти созмонҳои террористӣ дар қаламрави кишвар талаб мекунанд.
Ахиран Абдулқаҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати хориҷа бар зарурати эътирофи ҳукумати толибон таъкид кард ва гуфт, ки онҳо тамоми шароитро барои эътироф ба унвони як ҳукумат доранд.
"Ҳукумати кунунӣ бо ҳавопаймо наомадааст ва роҳбари он аз ҳаво ба замин андохта нашудааст, онҳо бо ҳимояти нерӯҳои хориҷӣ наомадаанд, ҳукумати нави Афғонистон намояндаи мардуми Афғонистон аст”, - гуфт ӯ.
Созмони Милали Муттаҳид номи чеҳраҳои собиқи Ҳукумати Афғонистон, аз ҷумла Ашраф Ғаниро аз феҳристи раҳбарони ҷаҳон хориҷ кард. Маврид ба зикр аст, ки бо гузашти шаш моҳ аз ҳукмронии толибҳо дар Афғонистон ҳеҷ кишваре ҳукумати онҳоро эътироф накардааст.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0