Хоманаӣ гуфт, барои халосӣ аз таҳрим набояд ақибнишинӣ кард

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксДуховный лидер Ирана аятолла Сейед Али Хаменеи. Архивное фото.
Духовный лидер Ирана аятолла Сейед Али Хаменеи. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Роҳбари Эрон мегӯяд, кӯтоҳ омадан дар баробари ҳар қудрат барои халосӣ аз таҳримҳоро зарба ба қудрати сиёсии кишвар аст
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон, ақибнишинӣ дар баробари қудратҳо, аз ҷумла ИМА барои эмин мондан аз таҳримҳоро хатои бузург донист.
Ба навиштаи "Парс тудэй" Хоманаӣ ин нуктаро дар дидор бо раис ва аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ баён дошт.

"Содалавҳонатар ва ношиёнатар аз пешниҳоди касе, ки мегӯяд, қудрати дифоиро барои ҳассос нашудани душман коҳиш диҳем, вуҷуд надорад", - таъкид намудааст ӯ.

Вай афзуд, удрати миллӣ амри мураккабе мебошад, ки илм, фанноварӣ, тафаккур ва озодфикрӣ ҷузъи онанд, чун агар озодфикрӣ набошад, илм ва фанноварӣ роҳгушо нест.
Қудрати дифоӣ, иқтисод, рифоҳи мардум, сиёсатварзӣ дар арсаи минтақаю ҷаҳон барои ҳифзи манофеи миллиро аз бозуҳои қудрати миллӣ арзёбӣ кардааст.
Рабочие на угольном предприятии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Оқибатҳои даст кашидани Ғарб аз маводи хоми Русия
"Қудрати миллӣ барои ҳар кишваре ҳаётӣ аст ва ҳар миллате агар истиқлол, сарафрозӣ, истифода аз манобеи ҳаётӣ бар мабнои иродаи худ ва истодагӣ дар муқобили хостаҳои дигарон мехоҳад, бояд қавӣ бошад", - таъкид кардааст Хоманаӣ.
Ӯ иғвою ҷангҳои нарм ҳушдор дод, ки барои тахриби зеҳнҳои мардум равона шудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар пасманзари авҷи таҳримот алайҳи Русия бархе аз эҳтимоли суст шудани таҳримҳо алайҳи Эронро ҳадс зада буданд. Феълан дар пайи амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ҷаҳон алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ кардаанд, аз молӣ то энержию бонкиро фаро гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0