Кремл гуфт, иқтисоди Русия касод намешавад

© Sputnik / Евгения НовоженинаКремл. Акс аз бойгонӣ
Кремл. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Обуна шудан
Дар Кремл муътақиданд, ки зарфияти кофӣ барои раҳоӣ аз вазъи мушкили иқтисодӣ дар кишвар фароҳам аст
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Русия вазъ ба дефолт ё худ касодшавии иқтисод нахоҳад расид, изҳор дошт Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи ӯ, роҳбарони ниҳодҳои молии Русия муътақиданд, ки устувории кофие фароҳам шудааст.
"Мо изҳороти роҳбарони ниҳодҳо, аз ҷумла Вазорати молия ва ғайраро шунидем, ки захираҳои зарурӣ барои пардохти ҳамаи қарзҳои хориҷӣ бо рубл мавҷуд аст", - изҳор дошт Песков.
Вай таъкид намуд, ки амалан далеле барои касодшавӣ вуҷуд надорад, агар онҳоро сунъӣ барои Русия эҷод накунанд.
Ахиран Кристалина Георгиева, роҳбари Хазинаи Байналмилалии Асъор дефолт ё худ касодшавии иқтисоди Русияро дар пасманзари таҳримоти эълоншуда аз эҳтимол дур надонист. Ба гуфтаи ӯ, "таҳримоти бесобиқа ин кишварро ба рукуд тела доданд".
Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молию бонкӣ ва энержиро шомиланд.
Пленарное заседание Госдумы РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Назари Жириновский аз бистари беморӣ дар бораи амалиёти Русия дар Украина
Бонки марказӣ дучори маҳдудиятҳо шуда, бархе аз бонкҳоро аз низоми SWIFT хориҷ карданд. Олмон расмисозии лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ-2"-ро қатъ намуд. ИМА ва кишварҳои Аврупо ҳарими ҳавоияшонро барои Русия бастанд ва даҳҳо ширкатҳои маъруф бозори кишварро тарк намуданд.
Дар пасманзари ин Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро то 20%-и солона боло бурда, Вазорати молия тамоми содиркунандаҳоро муваззаф кард, ки 80%-и даромади асъорияшонро аз тиҷорати хориҷӣ ба фурӯш гузоранд, то қурби рублро ба эътидол оранд.
Мақомоти Русия ҳамчун чораи ҷавобӣ аз эҳтимоли миллӣ кардани ширкатҳое гуфтанд, ки бидуни ироаи кафолат ба истеъмолкунандагон нияти тарки бозори кишварро кардаанд.
Антон Силуанов, вазири молияи Русия ахиран гуфт, Маскав ният дорад, қарзҳои хориҷияшро бо рубл пардохт кунад. Бо асъор танҳо баъди он қарзҳо пардохт мешаванд, ки қисме аз захоири тилою асъори мунҷамидшудаи Русия дар Иттиҳоди Аврупо ва ИМА озод карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0