Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Конашенков: Волноваха озод ва ду фурудгоҳи низомӣ тахриб шуд - видео

Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия охирин натиҷаҳои амалиёти низомӣ дар Украинаро ироа кард
Нерӯҳои Ҷумҳурии Халқии Донетск шаҳри Волновахаро озод кардаанд, хабар дод намояндаи расмии Вазорати дифои Русия, генерал-майор Игор Конашенков.
Ӯ зимни нишасти ҳаррӯзаи худ охирин натиҷаҳои амалиёти низомӣ дар Украинаро ироа кард. Ба гуфтаи Конашенков, нерӯҳои Донетск ба тахриби ҳалқаи дифоии Мариупол идома дода истодаанд.
Инчунин минтақаҳои аҳолинишини Олгинка, Велика-Анадол ва Гайи Сабз зери назорат гирифта шуданд.
Дар зимн таъкид гардид, ки низомиёни Русия бо зарбаҳои дақиқ фурудгоҳи низомиро дар Лутск ва Ивано-Франовск тахриб кардаанд.
Амалиёти низомии Русия дар Украина аз 24 феврал оғоз шуда, то ҳол идома дорад. Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, танҳо инфрасохтори низомиро ҳадаф қарор медиҳад ва аҳолии осоиштаро чизе таҳдид намекунад.
Лентаи хабарҳо
0