Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Басурин шарти таҳти назорат гирифтани Мариуполро гуфт

© Sputnik / Ivan Rodionov / Гузариш ба медиабонкБатарея РСЗО "Град" ДНР на подступах к Мариуполю
Батарея РСЗО Град ДНР на подступах к Мариуполю - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Обуна шудан
Нерӯҳои Русия барои ишғоли Мариупол наздик ба ин шаҳр омадаанд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Озод шудани Волноваха як "ғалабаи хурд" буд, ки ба гирифтани Мариупол оварда мерасонад.
Дар ин бора намояндаи милитсияи халқии Донетск Эдуард Басурин зимни суханронияш дар телевизиони "Россия 24" хабар дод.
"Такягоҳи низомиёни украиниро, ки дар миёни Донетск ва Мариупол ҷойгир буд, гирифтем, муқовимат хеле ҷиддӣ буд. Аммо ин як пирӯзии кӯчаке аст, ки моро ба пирӯзии бузург дар ишғоли Мариупол хоҳад овард", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, акнун рӯҳияи низомиёни украинӣ мешиканад, зеро онҳо мутмаинанд, ки касе ба кумаки онҳо намеояд.
Вай инчунин гуфт, беш аз 80 манотиқи аҳолинишин таҳти назорати ҳарбиёни ҶМД мебошад.
"Бале, мо қаламрави худро озод карда истодаем, аллакай беш аз 80 маҳаллаи аҳолинишинро таҳти назорат дорем", - афзуд Басурин.
Саммит Восточного партнерства - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленский Қонун дар бораи мусодираи амволи Русияро имзо кард
Дар ҳамин ҳол милитсияи мардумии Ҷумҳурии Донетск изҳор дошт, ки дар давоми рӯз 35 нафар, аз ҷумла 8 кӯдак, аз минтақаи ҷангӣ берун оварда шуданд.
Дар давоми шабонарӯзи гузашта 69 нафар аз Мариупол тавассути долони башардӯстона, аз ҷумла 17 кӯдак берун бароварда шуданд.
Русия рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки барои 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор доштанд".
Ба ин ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" масъуланд, дар назар гирифта мешаванд.
Рӯзи душанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳое пайдо карданд.
Встречи С. Лаврова на полях дипломатического форума в Анталье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Музокироти Русия ва Украина: натиҷаҳои мулоқоти Лавров ва Кулеба
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия гурӯҳҳои низомии ҶМД ва ҶМЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пуша баргузор шуд.
Даври севуми музокироти Русияву Украина рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, аммо барои ҳар ду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Ҷонибҳо то ҳол рӯз ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0