https://sputnik-tj.com/20220311/tamdidi-digarbora-mahdudiyat-parvoz-rusiya-1046709607.html
Тамдиди дигарбораи маҳдудияти парвозҳо ба ҷануб ва маркази Русия
Тамдиди дигарбораи маҳдудияти парвозҳо ба ҷануб ва маркази Русия
Маҳудияти парвоз ба ҷанубу маркази Русия, ки то 14 март таъйин шуда буд, барои як ҳафтаи дигар тамдид шуд
2022-03-11T14:00+0500
2022-03-11T14:00+0500
2022-03-11T14:21+0500
дар русия
нақлиёт
парвоз
маҳдудият
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044989044_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_bb042bae2017cfdee232dd1ffb5075c8.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Низоми маҳдудияти парвозҳо дар фурудгоҳҳои ҷануб ва марказии Русия то 20 март тамдид гардид, хабар дод "Росавиатсия"."То 20 март, соати 03:45 бо вақти Маскав маҳдудияти парвоз ба фурудгоҳҳои ҷанубу марказии Русия идома меёбад", - омадааст дар иттилоия."Росавиатсия" таъкид намуд, ки вақфаи парвозҳо ба Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста боқӣ мемонад.Ин ниҳод масири тағйири парвозҳоро зикр карда, тавсия додааст, ки барои сафар ба манотиқи зикршуда аз масирҳои дигар, фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав истифода шавад.Зикр шудааст, ки фурудгоҳҳои мазкур зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд. Ин ниҳод илова намудааст, ки парвозҳои боқимонда, аз ҷумла дар масирҳои байналмилалӣ аз рӯи реҷаи муқаррарӣ амалӣ мешаванд.Маҳдудиятҳо дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина роҳандозӣ гардиданд, ки 24 феврал оғоз шуда, феълан низ идома дорад.
https://sputnik-tj.com/20220311/rusiya-mahdudiyat-parvoz-tojikistonro-laghv-1046708461.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044989044_164:0:1920:1317_1920x0_80_0_0_4f0e3524cb9f124c96d0c6284d4896a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
дар русия, нақлиёт, парвоз, маҳдудият
Тамдиди дигарбораи маҳдудияти парвозҳо ба ҷануб ва маркази Русия
14:00 11.03.2022 (Навсозишуда: 14:21 11.03.2022) Маҳудияти парвоз ба ҷанубу маркази Русия, ки то 14 март таъйин шуда буд, барои як ҳафтаи дигар тамдид шуд
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Низоми маҳдудияти парвозҳо дар фурудгоҳҳои ҷануб ва марказии Русия то 20 март тамдид гардид, хабар дод "Росавиатсия".
"То 20 март, соати 03:45 бо вақти Маскав маҳдудияти парвоз ба фурудгоҳҳои ҷанубу марказии Русия идома меёбад", - омадааст дар иттилоия.
"Росавиатсия" таъкид намуд, ки вақфаи парвозҳо ба Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста боқӣ мемонад.
Ин ниҳод масири тағйири парвозҳоро зикр карда, тавсия додааст, ки барои сафар ба манотиқи зикршуда аз масирҳои дигар, фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав истифода шавад.
Зикр шудааст, ки фурудгоҳҳои мазкур зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд. Ин ниҳод илова намудааст, ки парвозҳои боқимонда, аз ҷумла дар масирҳои байналмилалӣ аз рӯи реҷаи муқаррарӣ амалӣ мешаванд.
Маҳдудиятҳо дар пасманзари амалиёти низомии Русия дар Украина роҳандозӣ гардиданд, ки 24 феврал оғоз шуда, феълан низ идома дорад.