Косачёв дар бораи омодагии ИМА ба табаддулоти давлатй дар ҶМЛ ва ҶМД гуфт

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель комитета Совета Федерации РФ по международным делам Константин Косачев, архивное фото
Председатель комитета Совета Федерации РФ по международным делам Константин Косачев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷонишини раиси Шӯрои федератсия аз таҳримҳои ИМА истисно шудани ҶМЛ ва ҶМД-ро омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ номид
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ҷонишини раиси Шурои Федератсия Константин Косачёв аз таҳримҳои ИМА истисно шудани ҶМЛ ва ҶМД-ро омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ унвон кард.
Вай қайд кард, ки Ҳукумати ИМА ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ барои дастгирии лоиҳаҳои башардӯстона, инчунин рушди демократия дар ҶМЛ ва ҶМД иҷозат додааст.

Косачёв ба Вазорати молияи ИМА дахл карда, қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида ба "амалиёти муайяне" иҷозат медиҳад, ки ба кумаки башардӯстонаи ҶМЛ ва ҶМД рабт доранд, масалан, лоиҳаҳои вобаста ба эҳтиёҷоти асосӣ, маориф ва демократия.

Косачев ҳамчунин гуфт, Вашингтон ҳашт сол, замоне ки Киев ба тирандозии сею ним миллион шаҳрвандонаш дар Донбасс шуруъ кард, табаддулоти "Майдон"-ро қабул накард, зарурати ин корро надида буд.
"Гардиши нав чӣ маъно дорад? Раҳму шафқат нисбат ба одамон ногаҳон бедор шуд? Не, маҳз баръакс - Вашингтон ба омода кардани табаддулоти дигар шуруъ кард, ин дафъа дар ҶМЛ ва ҶМД-и мустақил. Иёлоти Муттаҳида дигар барои шумо "лоиҳаҳои башардӯстона" надорад". "Амалҳои муайян" дар роҳанд",- навиштааст сенатор дар канали "Telegram"-и худ.
Президент Соединённых Штатов Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Даъвати Байден аз пешгирии Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ миёни Русия ва НАТО
Русия рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки барои 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтанд".
Ба ин ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва деазификатсияи Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" масъуланд, дар назар гирифта мешаванд.
Рӯзи душанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.
Тавре ёвари раисиҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳо пайдо карданд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Пленарное заседание Госдумы РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Назари Жириновский аз бистари беморӣ дар бораи амалиёти Русия дар Украина
Бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия, гурӯҳҳои низомии ҶМД ва ҶМЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раиси ҷумҳури Русия.
Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча баргузор шуд.
Даври севуми музокироти Русияву Украина, ки рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, аммо барои ҳар ду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Ҷонибҳо то ҳол рӯз ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0