Мушовири Зеленский дар бораи кам шудани захираҳои арзиву тилои кишвараш гуфт

© Sputnik / Константин МихальчевскийRussia Ukraine Military Operation
Russia Ukraine Military Operation - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Обуна шудан
Мушовири раисҷумҳури Украина гуфт, ки аз оғози ҷанг кишвараш ду миллиард доллари захираҳои тилову асъорашро аз даст додааст
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Тибқи изҳороти Олег Устенко, мушовири иқтисодии Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар ду ҳафтаи оғози амалиёти вижаи низомии Русия Украина ду миллиард доллари захираҳои тилову асъорашро аз даст додааст.
Вай гуфт, ки то 24 феврали соли равон, то оғози амалиёти вижаи артиши Русия, захираҳои тилову асъории Украина 29,5 миллиард долларро ташкил медод.
"Аз байн ду ҳафта гузашт... Мо мебинем, ки ҳоло захираҳои мо дар сатҳи 27,5 миллиард доллар қарор гирифтаанд", - гуфт Устенко дар мусоҳибае дар шабакаи телевизионии “Украина 24”.
Русия 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Қодиров аз фирори сарбозони Украина гуфт
Ба ин ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" масъуланд, дар назар гирифта мешаванд.
Рӯзи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳое пайдо карданд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ба мардуми осоишта ҳеҷ чиз таҳдид намекунад.
Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пуша баргузор шуд.
Ситуация в Луганской народной республике - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия маркази иктишофи радиоии нерӯҳои Украинаро аз кор баровард
Даври сеюми музокироти Русияву Украина, ки рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, барои ҳар ду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Ҷонибҳо то ҳол рӯз ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0