Аз Қирғизистон баровардани доллари нақд мувақаттан манъ шуд: аз Тоҷикистон чӣ?

© Pixabay/Maklay62Чемодан с долларами
Чемодан с долларами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Қирғизистон намегузорад, ки доллар аз ин кишвар берун равад
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Бонки миллии Қирғизистон содироти долларро ба хориҷа муваққатан манъ кард.
Даар ин бора, хадамоти матбуоти Бонки миллии ин кишвар хабар медиҳад.
Чунин тадобир ба хотири таъмини амнияти иқтисодӣ ва ба эътидол овардани вазъ дар бозори асъор андешида шудааст.
Маҳдудиятҳои муваққатӣ оид ба амалиёт бо асъори нақд ба бонкҳои тиҷоратӣ, нуқтаҳои мубодилаи асъор, ширкатҳои маблағгузории хурд ва қарзи хурд татбиқ мешаванд.
Ин мавонеъ аз соати 17:30 рӯзи 11 март эътибор пайдо карданд.

Дар Тоҷикистон чӣ?

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи мамнуияти баровардани доллар аз ҳудуди кишвар хабар надодаанд.
Вале ягона чизе, ки дақиқи аст, ин ки баробари боло рафтани қурби доллар дар кишвар нархи маводи озуқа якбора гарон шуд.
Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Нархи орд дар Тоҷикистон гарон шуд
Ҳамин тавр қурби асъори амрикоӣ дар Тоҷикистон гарон шуда, то 13.0500 сомонӣ боло рафт.
Лентаи хабарҳо
0