Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия маркази иктишофи радиоии нерӯҳои Украинаро аз кор баровард

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкСитуация в Луганской народной республике
Ситуация в Луганской народной республике - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Обуна шудан
Артиши Русия як гурӯҳи миллатгароён дар вилояти Киеви Украинаро аз маркази радио маҳрум кард
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Артиши Русия бо як зарбаи дақиқ маркази асосии иктишофи радиоии қувваҳои мусаллаҳи Украинаро ғайрифаъол кард.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков хабар дод.

"Субҳи 12 март як силоҳи дақиқи дурпарвоз ба зерсохти низомии Украина зарба зад", - гуфт ӯ дар брифинг.

Дар натиҷа маркази асосии радио ва электронии иктишофии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар Броварӣ, инчунин аэродроми низомии Василково аз кор монд.
"Давоми 24 соати гузашта низомиёни Русия 5 ҳавопаймои бидуни сарнишин, аз ҷумла ду "Байрактар" ​​ва як мушаки тактикии “Точка-У”-ро сарнагун карданд.
Бойцы Народной милиции ДНР у разрушенного моста через речку Кальмиус на окраине Сартаны - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Низомиёни ҶХД ду маҳаллаи дигари аҳолинишинро зери назорат гирифтанд
Дар маҷмуъ, дар ҷараёни амалиёти вижа 3491 зерсохти низомии Украина аз кор монд.
Ба гуфтаи Конашенков, воҳидҳои ҶХД бо пуштибонии артиши Русия шаҳракҳои Валериановка ва Зелений Гейро таҳти назорат гирифтанд.
Артиши ҶХЛ дар болои минтақаҳои аҳолинишини Суровтсевка, Шедришево, Житловка назорат барқарор карда, Рубижнеро муҳосира кард.
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар як шабонарӯз 21 километр пеш рафта, ба минтақаҳои аҳолинишини Новодонетское, Новомаёрское ва Павловка расиданд.
Ёдовар мешавем, аз нимаи моҳи феврали соли 2022 вазъ дар Донбасс пас аз як силсила ҳамалоти мусаллаҳонаи нерӯҳои Украина шиддат гирифт.
Раҳбарони ҶХД ва ҶХЛ ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости кумак дар муқобила бо таҷовузи Украина муроҷиат карданд.
Работа полевой биолаборатории Министерства обороны РФ, развернутой на авиабазе Орио-аль-Серио в Италии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Марги cареъ: озмоишгоҳҳои Украина чӣ хатар доранд - мусоҳиба
Путин пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти Федератсияи Русия фармонҳо дар бораи ба расмият шинохтани ин ҷумҳуриҳоро имзо кард. Ин ҳуҷҷатҳоро Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия тасдиқ карданд.
Раисҷумҳури Русия рӯзи 24 феврал аз оғози амалиёти вижаи низомӣ, ки ҳадафаш ҳифзи мардуми осоишта дар Донбасс буд, хабар дод.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохти низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва ба мардуми осоишта ҳеҷ чиз таҳдид намекунад.
Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раҳбари Русия.
Лентаи хабарҳо
0