Рябков: Русия ба таҳримҳо омода буд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкЗаместитель министра иностранных дел России Сергей Рябков, архивное фото
Заместитель министра иностранных дел России Сергей Рябков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Обуна шудан
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, кишвараш аз ИМА норафоқатӣ интизор дошт ва ба ҳамин хотир ба таҳримҳо омодагӣ гирифт
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Русия медонист, ки аз Иёлоти Муттаҳида норафоқатӣ интизор шудан мумкин аст, ба ҳамин хотир мо омодагӣ дидем, гуфт муовини вазири корҳои хориҷӣ Сергей Рябков.
Ба гуфтаи вай, новобаста аз амалиёти Русия дар Украина бо ҳар баҳона таҳримҳо бар зидди ин кишвар ҷорӣ мешуданд.
"Мо медонистем ва медонем, ки ҳар лаҳза аз амрикоиҳо ҳар гуна ҳиллаву найранг интизор шудан мумкин аст. Мо ба ин вазъ омодагӣ мегирифтем. Ҳоло мо шоҳиди он ҳастем. Ин новобаста аз амалиёти вижа аст. Ин ба он иртиботе надорад", - гуфт Рябков.
Ба гуфтаи вай, агар амалиёти вижаи низомӣ сурат намегирифт, Вашингтон баҳонае меёфт, то тадобире зидди Русия анҷом диҳад.
Московский Кремль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Русия феҳристи таҳримҳои шахсии ҷавобӣ алайҳи Ғарбро омода кардааст
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" масъуланд, дар назар гирифта мешаванд.
Рӯзи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.
Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳое пайдо карданд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ба мардуми осоишта ҳеҷ чиз таҳдид намекунад.
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Қодиров аз фирори сарбозони Украина гуфт
Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пуша баргузор шуд.
Даври сеюми музокироти Русияву Украина, ки рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, аммо барои ҳар ду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Ҷонибҳо то ҳол рӯз ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0