Чавушӯғлу: Путин мухолифи мулоқот бо Зеленский нест

© Sputnik / Нина Зотина / Гузаштан ба хазинаи аксГлава МИД Турции Мевлют Чавушоглу, архивное фото
Глава МИД Турции Мевлют Чавушоглу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кремл низ имкони мулоқоти президентҳои Русия ва Украинаро рад намекунад, аммо барои ин кишвар рӯзнома ва натоиҷи мулоқот зарур аст
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин мулоқот бо раисҷумҳури Украина Владимир Зеленскийро имконпазир медонад. Дар ин бора вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Чавушӯғлу иттилоъ дод

"Дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон раҳбари Русия Владимир Путин гуфт, ки мухолифи мулоқот бо Зеленский нест".

Ба гуфтаи Чавушӯғлу, Туркия барои ташкили музокироти раҳбарони ду кишвар талош мекунад. Илова бар ин вай дар мулоқоти ҳайатҳои Беларус дар баъзе мавқеъҳо наздик шудани Маскав ва Киевро қайд кард.
Қаблан Михаил Подоляк, мушовири раиси дафтари раисҷумҳури Украина гуфта буд, ки Маскав ва Киев дар музокирот ба созиш наздик мешаванд.
Заседание межправительственной российско-турецкой комиссии по торгово-экономическому сотрудничеству - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Туркия аз таҳримҳо алайҳи Русия даст кашид
Ба гуфтаи ӯ, ширкаткунандагони муколама ба таҳияи қарордодҳое шуруъ кардаанд, ки ҷузъиёти онҳо то ҳол ифшо нашудааст.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи Кремл Дмитрий Песков низ таъкид кард, ки Маскав мулоқоти эҳтимолии Путин ва Зеленскийро рад намекунад. Аммо Русия ба рӯзномаи худ ва натиҷаи интизории он ниёз дорад.
Киев ахиран хостори музокироти мустақими руасои ҷумҳурии Русия ва Украина шуд. Ҳамзамон Зеленский омодааст, бо Путин тавассути миёнаравҳои байналмилалӣ гуфтугӯ кунад.
Лентаи хабарҳо
0