Конашенков: Русия 3700 зерсохти низомиро дар Украина тахриб кард

© Sputnik / Ivan Rodionov / Гузаштан ба хазинаи аксУничтоженная военная техника ВСУ в частном секторе Волновахи
Уничтоженная военная техника ВСУ в частном секторе Волновахи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати мудофиаи Русия шумори дақиқи зерсохтҳои низомии тахрибшудаи Украина аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳро эълон кард
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Аз оғози амалиёти вижаи низомӣ нерӯҳои мусаллаҳи Русия тақрибан 3700 зерсохти низомиро дар Украина тахриб кард. Дар ин бора генерал-майор Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифои Русия рӯзи якшанбе ба хабарнигорон гуфт.

"Дар маҷмуъ 3687 инфрасохтори низомии Украина дар ҷараёни амалиёт корношоям гардид", - гуфт генерал.

Ба гуфтаи вай, 99 ҳавопаймо, 128 ҳавопаймои бесарнишин, 1194 танк ва дигар техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 121 системаи мушакии чандманзура, 443 тӯпи саҳроӣ ва хумпораандоз, 991 мошини махсуси ҳарбӣ нобуд карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз нимаи моҳи феврали соли 2022 вазъ дар Донбасс пас аз як силсила ҳамалоти мусаллаҳонаи нерӯҳои Украина ташаннуҷ пайдо кард.
Ситуация в Луганской народной республике - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия маркази иктишофи радиоии нерӯҳои Украинаро аз кор баровард
Раҳбарони ҶХД ва ҶХЛ ба президенти Русия Владимир Путин бо дархости кумак дар муқобила бо таҷовузи Украина муроҷиат карданд.
Лентаи хабарҳо
0