Коршинос рушди сайёҳӣ дар ИДМ-ро пешгӯӣ кард

© PixabayГорный турист
Горный турист - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Афзоиши сайёҳон дар пайи лағви маҳдудиятҳои марбути пандемияи коронавирус дар назар аст
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар пайи тасмими "Росавиатсия" барои лағви маҳдудиятҳои марбути COVID-19 сайёҳӣ дар ИДМ рушд хоҳад кард, гуфт Иля Зотов, роҳбари Иттиҳоди умумирусиягии мусофирон дар суҳбат бо радиои Sputnik.
Маҳдудиятҳои парвоз барои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон лағв шуданд.
Раиси Иттиҳоди мусофирони Русия дар шарҳи ин тасмим гуфт, маҳдудиятҳое дар робита ба парвозҳо ва омадурафти миёни кишварҳо ҷой доштанд.
Паломники на расстоянии во время Хаджа в Мекке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2022
Сафар ба ҳаҷҷи умра осон шуд: тағйири қавонини вуруд барои зоирин
"Феълан созишномаҳои байниҳукуматӣ рӯи кор меоянд, ё созишҳои иловагие, ки ҳосил мешаванд. Ин ба суди тарафайни давлатҳо хоҳад буд", - изҳори бовар намуд Зотов.
Ӯ аз ҷаҳиши нархи билети ҳавопаймо тазаккур дода, муҳим хонд, ки арзиши чиптаҳо дар ҳудуди ИДМ поин нигоҳ дошта шаванд, то таконе барои афзоиши омадурафт шавад.

"Фикр мекунам, бо баста шудани бархе аз масирҳои машҳур сайёҳӣ дар ИДМ баробари сайёҳии дохилии Русия рушд хоҳад кард", - илова намуд коршинос.

Дар зимн ширкатҳои ҳавонавардӣ муваззафанд, ки меъёрҳои ҷорикардаи сартабиби санитарии Русияро зимни анҷоми парвозҳо риоя намоянд, то аз паҳншавии коронавирус ҷилавгирӣ шавад.
Қаблан Русия иттилоъ дода шуда буд, ки аз 14 март теъдоди парвозҳои мунтазам ба 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро зиёд мекунанд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистону Русия комилан парвозҳои ҳавоиро ба таври пешина, то пандемия барқарор карданд ва феълан ҳафтае миёни ду кишвар то 120 парвоз анҷом мешавад.
Лентаи хабарҳо
0