Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Расонаҳо: Қодиров дар Украина қарор дорад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Обуна шудан
Гумон меравад, ки Рамазон Қодиров дар Украина, дар як минтақаи амалиёти вижаи Русия қарор дошта бошад
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров шояд дар минтақаи амалиёти вижаи Русия дар Украина қарор дошта бошад. Дар ин бора шабакаи RT хабар додааст.
Аз рӯи як видеои нашршуда, фармондеҳон ба Қодиров дар бораи чӣ гуна ҷараён доштани ҷанг дар ҶМД ва инчунин дар бораи ҳамлаи қӯшунҳо ҳисобот медиҳанд.
Қаблан Рамазон Қодиров аз даҳҳо ҳазор ҷавони Чеченистон гуфта буд, ки омодаи иштирок дар амалиёти вижаи Русия ҳастанд.
Ёдовар мешавем, Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Қодиров гуфт, даҳҳо ҳазор чеченҳо омодаи ширкат дар амалиёт дар Украина ҳастанд
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Лентаи хабарҳо
0