Пул надоду ронандаро таҳқиру дашном кард: ҷаримаи як зании 22-сола дар Душанбе - видео

© Хадамоти матбуоти Раёсати умури дохила дар шаҳри ДушанбеЗане, ки дар Душанбе барои майдаавбошӣ боздошт шуд
Зане, ки дар Душанбе барои майдаавбошӣ боздошт шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Зани ҷавонеро кормандони милиса дар асоси муроҷиати корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ муайян ва боздошт намуданд
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ба шабакаҳои иҷтимоӣ видеое роҳ ёфт, ки дар он зани ҷавоне дар дохили таксӣ ронандаро мавриди дашном ва таҳқир қарор медиҳад.
Алфози қабеҳ ва дашному ҳақоратҳои ҷавондухтар мавриди вокунишҳои манфии шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, зимнан аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост шуд, то нисбати ин ҷавонзани дағалгуфтор чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи санҷиши видеои мазкур муайян карда шуд, ки ҷавондухтар сокини 22-солаи маҳаллаи Гипрозем мебошад.
Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
Дуздӣ, роҳзанӣ, авбошӣ, қаллобӣ кам шуд: гузориши милисаи Душанбе аз кораш дар соли 2021
Зимни санҷиш ва пурсиши шоҳидони ҳодиса ошкор карда шуд, ки номбурда аз хидматрасонии автомашинаи мусофирбар истифода намуда, дар баробари пардохт накардани роҳкиро бо ронандаи автомашина муноқиша кардаву даст ба гиребон шуда, бо алфози қабеҳ дашном низ додааст.
Зимнан вобаста ба ҳолати мазкур кормандони милитсия нисбати дастгиршуда, тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ), Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, протокол тартиб дода, ҷиҳати чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол намудаанд.
Бо қарори додгоҳ, нисбати номбурда бинобар доштани фарзанди ноболиғ, ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин шудааст.
Лентаи хабарҳо
0