"Шавҳари бадрашк". Ягона зиндонии эронӣ дар Тоҷикистон кист?

Məhbus, arxiv şəkli - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тоҷикистону Эрон созиш карданд, ки шаҳрвандони маҳкумшудаи тарафайнро ба ҳамдигарӣ бидиҳанд
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон танҳо як шаҳрванди Эрон адои ҷазо мекунад, изҳор дошт Мирзоамон Рофизода, ноиби додситони кулли ҷумҳурӣ.
Рофизода дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, додгоҳи Хатлон як марди 50-сола, шаҳрванди Эронро барои сӯиқасди куштору роҳзанӣ ба 17 соли зиндон маҳкум карда буд. Ноиби додситони кул ин нуктаро дар ҳошияи тасвиби созишномаи Эрону Тоҷикистон барои супоридани маҳкумшудагон баён дошт.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки як шаҳрванди Эрон дар қасди куштори ҳамсари собиқ, зани аз худаш 20 сол хурд гунаҳкор дониста шуд.
Додситонии кулли ҷумҳурӣ тавзеҳ дод, ки марди эронӣ моҳи апрели соли 2021 бо зани 30-солаи тоҷик аз тариқи никоҳи мусалмонӣ хонадор шудааст, аммо аллакай моҳи август аз ҳамдигар ҷудо шудаанд.
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Додситон созишномаи Тоҷикистону Эрон барои супоридани маҳкумшудагонро шарҳ дод
Манбаъ афзуд, баъди ҷудошавӣ вақте мард мефаҳмад, ки ҳамсари собиқаш худро оро дода, қасди рафтан ба маркази дилхушӣ дар ноҳияи Ёвонро дорад, нияти куштанашро мекунад.
Таъкид шудааст, ки дар заминаи рашку хусумати шахсӣ шавҳари собиқ ҳамроҳи як сокини шаҳри Кӯлоб рӯзи 16 октябри соли гузашта дар даромадгоҳи бинои истиқоматӣ зан ва дугонаашро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.
Муттаҳамон баъди бо табар задану кислота пошидан ба рӯйи зан гумон кардаанд, ки ӯ ба ҳалокат расидааст ва халтаи туҳфаҳоро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд, афзуд додситонӣ.
Додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии қазия шаҳрванди Эронро ба 17 соли зиндони низомаш сахт маҳкум карда, шарикаш, шаҳрванди Тоҷикистонро барои 15 сол равонаи зиндон намудааст.
Мақомот мегӯянд, дар пайи тасвиби созишнома барои супоридани маҳкумшудагон шароит фароҳам оварда мешавад, ки маҳбусон барои идомаи ҷазо ба ватанашон интиқол дода шаванд. Додситонии кул мегӯяд, ягон шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди Эрон зиндонӣ нест.
Лентаи хабарҳо
0