Пешниҳоди тағйири қоидаи сабти номи муҳоҷирон: Шарҳи Казакова

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузаштан ба хазинаи аксЦентр содействия мигрантам в Волгограде
Центр содействия мигрантам в Волгограде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳадаф аз тағйирот дар мавриди қайди муҳоҷирон таҳкими ҷолибии Русия барои хориҷиён арзёбӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Русия лоиҳаи тағйирот ба қонунгузорӣ дар бахши муҳоҷиратро пешниҳод кардааст.
Валентина Казакова, сардори Сарраёсати умури муҳоҷирати ВУД Русия дар шарҳи тағйирот ба хабаргузории ТАСС гуфт, интизор меравад, ки муҳлати сабти номи муҳоҷирони хориҷӣ тамдид шавад.

"Бо лоиҳаи қонуни нав мо бархӯрди ягонаро дар муҳлати қайди муҳоҷиратии хориҷиён пешниҳод дорем. Аз ҷумла пешниҳод мегардад, ки хориҷиён давоми 30 рӯз дар макони иқоматашон худро ба қайд гиранд", - тавзеҳ дод ӯ.

Ин дар ҳолест, ки феълан шаҳрвандони бисёре аз кишварҳо уҳдадоранд, давоми 7 рӯз баъди омаданашон ба Русия дар мақоми муҳоҷиратӣ сабти иқомат кунанд. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон ин муҳлат 15 рӯзро ташкил медиҳад.
Дар сурати қабули лоиҳа интизор меравад, ки муҳлати қайди муҳоҷиратӣ барои ҳамаи хориҷиён якхела - 30 рӯз муайян карда шавад.
Казакова бовар дорад, ки ба ҳамин восита метавон ҷолибии Русияро барои муҳоҷирон бештар кард.
Строители, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Намояндагӣ ба муҳоҷирон: Пулҳоятонро сарфакорона истифода намоед
Қаблан мақомоти умури дохилии Русия хабар доданд, ки шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд тавассути портали Хадамоти давлатӣ ё замимаи мобилии он мустақилона дар маҳалли будубошашон дар Русия сабти ном шаванд.
Ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар барои таъмини рӯзгору хонаводаҳояшон озими Русия мешаванд ва варақаи сабти муҳоҷиратӣ ё худ ба истилоҳ "регистратсия" аз ҳуҷҷатҳои калидие мебошад, ки ҳам корфармо ва ҳам маъмурини милиса аз хориҷиён онро талаб мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0