Туркия аз таҳримҳо алайҳи Русия даст кашид

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксЗаседание межправительственной российско-турецкой комиссии по торгово-экономическому сотрудничеству
Заседание межправительственной российско-турецкой комиссии по торгово-экономическому сотрудничеству - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Вазорати умури хориҷии ин кишвар қайд намуданд, ки Анкара қасди ҳамроҳ шудан ба таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскавро надорад
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Туркия расман таҳримҳои зидди Русияро лағв кард. Дар ин бора Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Чавушӯғлу хабар дод.
Ба гуфтаи вай, маҳдудиятҳое, ки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Маскав ҷорӣ кардаанд, ба ҳалли мушкилоти кунунӣ мусоидат намекунад.

"Мавқеи мо ошкор ва рӯшан аст: таҳримҳо мушкилотро ҳал карда наметавонанд", - таъкид кард Чавушӯғлу.

Айнан чунин мавқеъро қаблан Чин ҳам изҳор дошта буд. Ванг Венбин, сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин таъкид карда буд, ки бархе маҳдудиятҳо хилофи қонунҳои байналмилалӣ ҳастанд.
Уничтоженная военная техника ВСУ в частном секторе Волновахи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Конашенков: Русия 3700 зерсохти низомиро дар Украина тахриб кард
Ёдовар мешавем, ки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ба далели амалиёти вижа барои ҳифзи Донбасс, ки аз 24 феврал ба ин сӯ идома дорад, алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ карданд.
Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, Маскав ба маҳдудиятҳои шадид омода шудааст. Ӯ гуфт, Русия аллакай дар чаҳорчӯби манфиатҳои худ чораҳои ҷавобӣ омода кардааст.
Лентаи хабарҳо
0