Афзоиши рекордии корбарони "Одноклассники"

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкСоциальные сети
Социальные сети - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Афзоиши корбарони шабакаи иҷтимоии "Однокласники" дар пасманзари масдудияти василаҳои дигар сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. "Одноклассники" аз афзоиши рекордии корбаронаш хабар дод, ки аз оғози моҳи март 66% зиёд шудаанд.
Сабти саҳифаҳои ҷадид дар ОК 66% ва эҳёи саҳифаҳои қаблӣ 36% афзоиш ёфт, хабар дод РИА "Новости" аз қавли масъулини ин шабакаи иҷтимоӣ. Таъкид шудааст, ки зимни ин ҳисобот нишондодҳои рӯзҳои 5-6 март ва 12-13 март таҳлилу муқоиса шудаанд.
Инчунин функсияи наве илова карда шудааст, ки ҳар корбаре метавонад бо як пахш саҳифааш дар "Однокласники"-ро дар паёмрасонҳои дигар паҳн намояд.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Индию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Маскав гуфт, кадом таҳримҳо барояш ғайричашмдошт буд
Маврид ба зикр аст, ки "Роскомнадзор" дар оғози моҳи март ба ҳайси чораи ҷавобӣ дастрасӣ ба "Facebook"-ро масдуд кард. Инчунин Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қонун дар бораи роҳандозии ҷавобгарии маъмурӣ барои паҳн кардани "фейк" дар мавриди фаъолияти қувваҳои мусаллаҳи Русия ва даъватҳо барои ҷорӣ намудани таҳримот алайҳи ин кишварро ҷорӣ намуд.
Дар пайи ин шабакаи иҷтимоии чинӣ "TikTok" эълон кард, ки ба далели меъёри ҷадиди қонунгузорӣ паҳнсозии матолиби ҷадид ва пахшҳои мустақимро дар қаламрави Русия масдуд мекунад.
Инчунин "Роскомнадзор" бо талаби Додситонии кулли Русия дастрасӣ ба "Instagram"-ро ба далели даъватҳои хушунатомез алайҳи русиягиҳо маҳдуд намуд.
Лентаи хабарҳо
0