Барои таҳияи шиносномаи замин пул талаб кард: боздошти боз як корманди давлатӣ дар Вахш

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Боз як корманди идораи давлатиро дар ноҳияи Вахш мақомот барои талаби маблағ боздошт кардаанд
ДУШАНБЕ, 14 мар— Sputnik. Оҷонсии зидди фасод директори КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Вахш Ш.С-ро боз дошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ ин мақомдор дар якҷоягӣ бо ҳаммаслакаш С.Р. барои омода кардани шиносномаи техникии манзили истиқоматии шаҳрванд “А” ба масоҳати 0,08 га аз номбурда маблағи 5 000 сомонӣ талаб намудаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони оҷонсӣ Ш.С ва С.Р ҳангоми гирифтани маблағи 5 000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дастгиру маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира шудааст.
Бинобар ин нисбати боздоштшудаҳо бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои "б", "в", "г", Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Калькулятор и график - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Боздошти сармуҳосиб ва кормандонаш: беш аз ду миллион сомонии давлатро аз худ кардаанд
Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷарима ба андозаи 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 соли зиндон бидуни ҳуқуқи ишғоли мақомҳои муайян то 5 солро пешбинӣ кардааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равон 64 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Ёдовар мешавем, ахиран ин ниҳод сармуҳосиби шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ҳамин ноҳияро бо зердастонаш баро азхудсозии 2 миллиону 341 ҳазору 315 сомонӣ боздошт карда буд.
Лентаи хабарҳо
0