Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Туркия се бозӣ анҷом медиҳад

© ФФТОлимпийская сборная Таджикистана (U-23)
Олимпийская сборная Таджикистана (U-23)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Варзишгарони тоҷик дар остонаи “Ҷоми Осиё-2022” тамринҳои густурда ва рақобат баргузор мекунанд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дастаи мунтахаби олимпии футболи то 23-солаи Тоҷикистон ба ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Анталияи Туркия рафт.
Дар ин бора дафтари матбуотии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар додааст.
Даста таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев аз 19 то 31 март се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Нахустин рақиби Тоҷикистон тими олимпии Кувейт хоҳад буд. Дидор рӯзи 23 март дар назар аст. Бозии дуюм, ки 26 март дар назар дошта шудааст, бо варзишгарони Урдун барпо мегардад.
Дастаи Мубин Эргашев бозии ниҳоии санҷиширо бо тими миллии Афғонистон рӯзи 29-уми март анҷом медиҳад.
Бозиҳои бонувони футболбоз миёни Тоҷикистон ва Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Яккачини занонаи Эрон мунтахаби Тоҷикистонро голборон кард
Ёдовар мешавем, ки қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё - 2022 дар Ӯзбекистон аз 1 то 19 июн баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи "D" бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ҷопон ва Арабистони Саудӣ бозӣ хоҳад кард.
Қаблан дар Гулистон қуръакашии чаҳоруми Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон шуруъ шуда буд. Соли ҷорӣ дар мусобиқа 12 даста ба се гурӯҳи чаҳорнафарӣ тақсим шудаанд.
Дар байни иштирокчиён 9 тим аз Лигаи олӣ аст. Мусобиқа як марҳилаи омодагии дастаҳо ба мавсими нав мегардад.
Лентаи хабарҳо
0