Духтари Комилзода латукӯбгаронашро бахшид ва додгоҳ гунаҳкоронро шартан озод кард

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Комилзода мегӯяд, духтараш назари худро нисбати муттаҳамон замоне тағйир дод, ки ҳамсари яке аз онҳо бо ду фарзанди кӯчакаш ба дидорбинии ӯ омад
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Суди ноҳияи Шоҳмансур ҳукми ду ҷавонро, ки дар латукӯбӣ духтари рӯзноманигори тоҷик Шаҳноз Комилзода ва дугонаи ӯ муттаҳам дониста мешаванд, эълон кард.
Комилзода асли ин қазия, аз аввал то эълон шудани ҳукми муттаҳамонро дар сафҳаи худ дар "Facebook" нашр намуд. Ба маълумоти ӯ, ҳар ду ҷавон шартан озод шуданд ва ба пардохти ҷаримаи калон ва ҳамчунин ҷалб шудан дар корҳои иҷтимоӣ муваззаф гардиданд.
Боздошти ҷавононе, ки дар таҳқири духтарони наврас дар Душанбе айбдор мешаванд
Ӯ гуфт, прокурор ба яке аз муттаҳамон 3,5 ва ба дигаре 3 соли маҳрумият аз озодиро талаб кард ва назари ҷабридидаҳоро низ пурсид.

"Духтарам гуфт, ки бо чунин ҳукм розӣ нест, зеро 3,5 сол муҳлати тӯлонӣ аст ва ӯ намехоҳад, кӯдаконро аз падари онҳо ҷудо кунад", - менависад Комилзода.

Ӯ гуфт, назари духтараш замоне тағйир ёфт, ки ҳамсари яке аз муттаҳамон бо ду кӯдаки кӯчакаш дар рӯзи аввали мурофиаи судӣ он ҷо омад.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳодиса нисфирӯзи 19 декабр дар маркази шаҳри Душанбе сурат гирифта буд.
Пас аз нашри аксҳои муттаҳамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони милиса онҳоро дастгир карда буданд.
Ин қазия сарусадоҳои зиёдро дар мавриди занозорӣ дар ҷомеа барангехт ва аксар ҷонибдори он буданд, ки бигзор ин ду ҷавон ҷазои сангин гиранд, то ба дигарон дарси ибрат шавад.
Лентаи хабарҳо
0