КҲФ: Борони шадид баъзе аз қисматҳои Тоҷикистонро зери об монд

© Sputnik / Konstantin Mihalchevskiy / Гузаштан ба хазинаи аксПодтопления в Ялте после ливней
Подтопления в Ялте после ливней - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Душанбе ва бисёре аз манотиқи дигари кишвар зери об мондани биноҳои истиқоматӣ, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба қайд гирифта шуда, сокинони минтақаҳои хатарнок муваққатан кӯчонида шуданд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи боришоти шадид дар Тоҷикистон маҷрои дарёҳо ва ҳаракати хок боиси фаромадани сел ва ярч дар як қатор шаҳру ноҳияҳо гардида, якчанд хоҷагӣ аз ин ҳодиса осеб дидааст.
Бар асари боришоти шадид ҳамчунин зери об мондани таҳхонаҳои даҳҳо хонаи хусусӣ дар маҳаллаи Аҳрорӣ, кӯчаҳои Айнӣ ва Абдуллобекови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст.
Кормандони вижа бо ёрии обкашҳо аз таҳхонаҳо обро бароварда, аз тахриби манзилҳо пешгирӣ карданд.
Дождь  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Дар Тоҷикистон тамоми ҳафта борон ва раъду барқ ​​мешавад
Наҷотдиҳандагони КҲФ дар шаҳри Турсунзода аъзои 12 хонаводаро аз манотиқи хатарнок муваққатан кӯчонидаанд. Дар ҷои ҳодиса комиссияи КҲФ кор мекунад.
Бар асари боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қаратоғ, Ширкент, каналҳои Хоҷанақширон, Заркамар ва Муллошодӣ хатари зери об мондани роҳи мошингард, пулҳо, биноҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар даҳҳо деҳа зиёд шудааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бар асари боришоти борон роҳи байнишаҳрии деҳаи Муғулони ҷамоати деҳоти Амондараи Панҷакентро гилу санг бастааст.
Илова бар ин сел дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Раҳмонов ҳудуди 30 метр соҳили чапи маҷрои селпартоҳоро шустааст.
Ба тоза кардани роҳ техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ҷалб шуда, ҳоло ҳаракати нақлиёт барқарор аст.
Спасатели откапывают машины  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Тарма "Дулан"-ро ба дарёи Ғунд бурд: падару писар ҳалок шуданд
Дар навоҳии Шаҳринав заминҳои киштзори хоҷагиҳои "Зарнисор", ба номи Меликмуродов, И. Ҳамзаев, инчунин роҳҳои деҳоти ба номи А.Ҷомӣ, Файзбахш ва Комсомол зери об мондаанд.
Шаби 14 март сел ба таҳхонаи як бинои сеошёнаи деҳаи Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ворид шуд, ки оқибатҳои он бартараф карда шудаанд.
Чунин ҳолат дар ноҳияи Нуробод низ рӯх додааст, ки феълан бартараф карда шудааст, аммо дар натиҷаи офати табиӣ хонаи истиқоматии як сокини ҷамоати Муҷихарв қисман осеб дидааст.
Ба гуфтаи КҲФ, хисороти офати табиӣ ҳанӯз аз ҷониби комиссияи вижаи ҷумҳуриявӣ ҳисоб карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0