Лағви маҳдудиятҳои ковидӣ дар Тоҷикистон

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тоҷикистон мавҷи савуми коронавирусро ба осонӣ пушти сар кард. Тибқи маълумоти расмӣ, аз мавҷи ахири коронавирус дар Тоҷикистон ягон мавориди фавт сабт нашудааст
Вазорати тандурустии Тоҷикистон моҳи январ аз бурузи мавҷи савуми коронавирус хабар дод. Ин навбат "даҳшат"-и вирус сабуктар буда, теъдоди ҳолатҳои гирифтории ҳамарӯзаи шаҳрвандон ба коронавирус назарногир буд.
Тибқи маълумоти вазорат, аз 24 феврал ба ин сӯ ягон ҳолати бемории шаҳрвандон аз вируси COVID-19 сабт нагардидааст.
Ҳиндустон ба моякӯбии наврасон шуруъ мекунад
Бинобар ин Ситоди ҷумҳуриявии мубориза алайҳи коронавирус тасмим гирифт, аксари маҳдудиятҳоеро, ки қаблан ҷорӣ гардида буданд, лағв намояд.
Аз ҷумла, пӯшидани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳдудиятҳо дар тӯй ва дигар ҷашну маросими миллӣ лағв карда шуданд.
Аммо нигоҳ доштани иқдоми фосилаи иҷтимоӣ ва муҷаҳҳаз кардани ҷойҳои ҷамъиятӣ бо маводи зиддиуфунатӣ ҳамоно нигоҳ дошта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0