Парвози мустақим аз Русия ба 15 кишвар боқӣ мондааст: Тоҷикистон дар феҳраст аст

© Sputnik / Нина ЗотинаПассажирский самолет в небе
Пассажирский самолет в небе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Парвозҳои мустақим аз Русия дар шароити маҳдудиятҳои таҳримӣ ба 15 кишвар боқӣ мондаанд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ширкатҳои мусофирбари хориҷӣ аз Русия ба 15 кишвар парвозҳои мустақим анҷом медиҳанд, хабар додаст РИА "Новости" аз қавли Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Русия.
"Моҳи марти соли равон парвозҳои мустақим ба Тоҷикистон, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Қатар, Марокко, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҳинд ва Шри-Ланка боқӣ мондаанд", - хабар дод ассотсиатсия.
Тавзеҳ дода шуд, ки сайёҳон метавонанд барои масирҳои дигар бастаҳои хидматрасонӣ гиранд, аммо парвоз аллакай на мустақим, балки аз тариқи таваққуф дар кишвари сеюм сурат хоҳанд гирифт. Дар ин феҳраст аз ҷумла бастаҳои сайёҳӣ ба Абхазистон, Юнон, Миср, Таиланд, Малдив ва Индонезия, ҷазираҳои Сейшел зикр шудаанд.
Горный турист - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Коршинос рушди сайёҳӣ дар ИДМ-ро пешгӯӣ кард
"Ҳафтаи истироҳат дар хориҷ нархи гуногун дорад - аз 23,7 ҳазор рубл дар Абхазистону 66,7 ҳазор дар Арманистон барои ду нафар то беохир дар кишварҳои дигар, масалан Малдив", - таъкид намуданд масъулини сайёҳӣ.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи таҳримоти ғарбӣ парвозҳо аз Русияро ширкатҳои озарбойҷонии "Azerbajzan Airlines" ва "Buta Airways" мутаваққиф карданд. Дар баробари ин "Egypt Air"-и Миср, "Air Astana"-и Қазоқистон ва "Pegasus Airlines"-и туркӣ парвозҳояшон ба Русияро қатъ намудаанд.
Дар баробари ин ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз 8 март парвозҳоро дар масирҳои байналмилалӣ мутаваққиф кардаанд, чун хатари мусодираи ҳавопаймо дар пайи таҳримоти эълоншуда ҷой дорад.
Лентаи хабарҳо
0