Пекин хабари кумакхоҳии Маскав барои амалиёт дар Украинаро рад кард

© Sputnik / Павел Львов / Гузариш ба медиабонкМинистерство иностранных дел Китая.
Министерство иностранных дел Китая.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Чин мегӯяд, барои мавқеъгирии созанда дар ҳалли мухолифати Русия ва Украина талош дорад
ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Хабарҳо дар бораи он ки Маскав барои амалиёт дар Украина аз Пекин кумак хостааст, бепояанд, изҳор дошт Чжао Литсзян, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин.

"Иттилоот дар ин бора дурӯғпароканӣ мебошад", - овардааст РИА "Новости" аз қавли дипломати чинӣ.

Литсзян таъкид намудааст, ки Пекин талош дорад, мавқеъгирии созанда дошта бошаду ба музокирот ва роҳи ҳалли мусолиматомези қазия мусоидат мекунад. Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин ҷонибҳои даргирро ба хештандорӣ даъват кардааст, то шиддати вазъ коҳиш ёбад.
Хабар дар бораи он ки гӯё Русия аз Чин кумаки низомӣ хостааст, ахиран дар Financial Times бо такя ба манобеи расона мунташир шуд. Инчунин мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷейк Салливан изҳор дошт, ки Вашингтон талош кард, ба Пекин расонад, ки бо "паёмадҳо"-е дучор хоҳад шуд, агар қасди ҷуброни талафоти Русия аз таҳримотро кунад.
Қаблан мақомоти Чин изҳор карда буданд, ки ҷонибдори роҳандозии таҳрим алайҳи Русия нестанд, чун муътақиданд, ки аз ин роҳ мушкиле ҳал нахоҳад шуд.
Здание МИД РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия тасдиқи созиш бо Украина аз сӯи СММ-ро истисно намекунад
Мудири Маркази таҳлили савдои ҷаҳонии силоҳ Игор Коротченко ба РИА "Новости" гуфт, нерӯҳои Русия техникаи кофӣ барои гузарондани амалиёти муваффақ дар Украинаро доранд. Вай нашри хабарҳо дар мавриди кумакхоҳии Русия аз Чинро "партоб дар доираи ҷанги гибридӣ" гуфт, ки Ғарб пеш бурда истодааст.
Қаблан мақомоти Чин изҳор карда буданд, ки ҷонибдори роҳандозии таҳрим алайҳи Русия нестанд, чун муътақиданд, ки аз ин роҳ мушкиле ҳал нахоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Дар баробари амалиёти низомии Русия дар Украина ҳамзамон музокирот миёни Киев ва Маскав барои ҳалли мусолиматомези қазия ва коҳиши шиддати ташаннуҷ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0