Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин дар оғоз фармон дод, ки ҳамла ба шаҳрҳои бузурги Украина фаврӣ набошад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Русия дар оғози амалиёт хостааст, шаҳрҳои бузурги Украина фавран ҳадафи ҳамла қарор нагиранд
ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар оғози амалиёти низомӣ дар Украина фармон дод, ки ҳамла ба шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Киев ба таври фаврӣ сурат нагирад.
Ин нуктаро Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошта, ҳадафи ин дастури Путинро ҷилавгирӣ аз қурбониёни зиёд миёни аҳолии осоишта хонд.
"Воқеан президент дар оғози амалиёт ба Вазорати дифоъ дастур дод, ки аз ҳамлаи фаврӣ ба шаҳрҳои бузург худдорӣ намояд, ба ин далел гурӯҳҳои мусаллаҳ техникаи вазнини низомиро дар маҳаллаҳои истиқоматӣ ҷой медиҳанд ва амалиёт дар чунин ҷойҳои зичии аҳолияш зиёд ногузир қурбониёни зиёд меорад", - изҳор дошт Песков.
Ӯ таъкид намуд, ки амалиёти низомии Русия дар Украина маҳз бо назардошти ин омил тарҳрезӣ шуда буд.
Дар зимн сухангӯи раисҷумҳури Русия эҳтимоли зери назорат гирифтани шаҳрҳои бузургро истисно намекунад. Ӯ афзуд, ки ин кор бо таъмини ҳадди аксари амнияти аҳолии осоишта сурат хоҳад гирифт.
Очередь на АЗС в Испании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Таҳримҳои зидди Русия иқтисоди Аврупоро мекушад
"Минтақаҳои калони аҳолинишин имрӯз ҳам дар муҳосира қарор доранд, ба истиснои минтақаҳое, ки тахлияи гуманитарӣ аз тариқи он сурат мегирад", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0